Фактчекnews | Маълумоти бардурӯғ назар ба оташгириҳои ҷангал дар Австралия зудтар паҳн мешавад

Тайи чанд рӯзи ахир ҷаҳон аз оташгириҳои ҷангал дар Австралия ва наҷот додани ҳайвонот аз марг зери ташвиш мондааст. Вале ин масъала паҳлӯи дигар ҳам дорад.

Вазъи сӯхтор омили дигаре дар рушди хабарҳои қалбакӣ, маълумоти нодуруст ва таблиғот гардидааст.

Хабаргузории «Guardian» як матни калонеро дар бораи он, ки чӣ гуна хабарҳои фейкӣ назар ба оташ зудтар паҳн мешаванд, омода намудааст. Масалан, як назарияи аҷибе мавҷуд аст, ки ҳамаи ин оташгириҳо танҳо барои тоза кардани минтақаи ҷудошуда барои сохтмони шоҳроҳи баландсуръат мебошад. Вале ин ҳанӯз достони ваҳшӣ нест.

Бино ба иттилои баъзе аз «манбаъҳо», маҳз ДИИШ ин сӯхторро ташкил кардааст ва ҳатто бархе аз нафарон ҷиддӣ бовар доранд, ки миллиардерҳои чинӣ бо лазер соҳили қитъаро сӯзонда, барои сохтмони шаҳрҳо шароит фароҳам меоранд. Вале аз ҳама чизи ногувор ин аст, ки мардум ба он бовар доранд.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь