Фейк | ФАВРӢ: Коронавирус дар Тоҷикистон пайдо шуд: ду мурда, тақрибан садҳо нафар сироят шуда (акс)

Рӯзҳои ахир тоҷикистониён аз бими коронавирус хеле ба таҳлука афтодаанд. Аз тарси он ки дар Тоҷикистон коронавирус ошкор шудаасту дар саросари кишвар эҳтимол ҳолати карантинӣ эълон шавад ва маҳсулоти ниёзи аввал камёфт гардад, мардум ба бозорҳо рехта, ҳар чӣ бештар орду равған ва дигар маводи хӯрока захира карда истодаанд. Сабаби аслии паҳни ин овозаҳо нашри баъзе хабарҳо дар расонаҳо роҷеъ ба ҳолати ошкоршавии коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

Чӣ санҷида шуд?

Расонаи иттилоотии «Ориён» 27-уми январ бо пахши хабар ва аксе таҳти сарлавҳаи «ФАВРӢ: Коронавирус дар Тоҷикистон пайдо шуд: ду мурда, тақрибан садҳо нафар сироят шуда» (бойгонӣ) байни гурӯҳе аз хонандагон таҳлука барпо намуд. Ҳарчанд хабари мазкур охирҳои моҳи январ ба нашр расидааст, аммо он то ба ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо васеъ паҳн мешавад.

Иқтибос:

«Пас аз ворид шудани ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон Сомон Эйр аз Чин, яке аз мусофирон, як марди миёнсол дар ҳавопаймо ба ҳалокат расидааст, шахсияти ӯ номаълум аст. Манбаъ гуфт, ки он мард аллакай дар ҳавопаймо ҳарорати баланд дошт. Бо мақсади ба воҳима наафтодани мардум бадани фавтидаро бо роҳи пинҳонӣ гузарониданд.

Ёдовар мешавем, ки шумораи миёнаи мусофирон дар як ҳавопаймо 168 нафарро ташкил медиҳад, ки 168 нафар эҳтимолан мубтало шудаанд.

Ҷабрдидаи дуюм аз коронавирус дар клиникаи Мансуров ҷон дод. Бемор бо нишонаҳои шабеҳи ба коронавирус қабул карда шуд. Пас аз чанде бемор ба ҳалокат расид…».

Имрӯз, ки масъалаи коронавирус дар тамоми ҷаҳон аз мавзӯъҳои ҳассос ба ҳисоб мераваду дар Тоҷикистон низ хабарҳои гуногун, мисли марги ин ду нафар ва эҳтимоли сироятшавии чанд мусофири ҳавопаймои Сомон Эйр, ки зиёд паҳн шуда истодаанд, далелсанҷон саҳеҳияти онро мавриди санҷиш қарор доданд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Азбаски ин мавод аз чанд қисмат иборат асту далелҳои ҷудогона дорад, ҳар яки онро ба таври алоҳида мавриди санҷиш қарор додем.

Далели 1:

Нахуст, мо аксеро, ки расонаи иттилоотии «Ориён» ҳамчун акси муаллифӣ истифода карда, дар поини он номи расонаи худро навиштааст, санҷидем.

Ҳукмнома: Фейк

Санҷиш

Бино ба санҷишҳо (бойгонӣ), ин акс ҳанӯз 24-уми январи соли 2020 аз ҷониби хабаргузориҳои маъруфе, чун The Guardian (бойгонӣ), The Wall Street Journal (бойгонӣ), The New York Times (бойгонӣ) истифода шудааст. Инчунин, дар акс навиштаҷотеро дидан мумкин аст, ки бештар ба ҳуруфи чинӣ монанд аст.

Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки акси мазкурро расонаи иттилоотии «Ориён» бидуни риояи ҳуқуқи муаллифӣ ҳамчун аз они худ истифода бурдааст.

Далели 2:

Дар маводи ин расона номи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» низ зикр шудааст:

«Пас аз ворид шудани ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон Сомон Эйр аз Чин…».

Мо ба сомонаи расмии ширкат ворид шудем ва онро мавриди омӯзиш қарор додем.

Ҳукмнома: Фейк

Санҷиш

Ширкати «Сомон Эйр» бо пахши як изҳороти расмӣ (бойгонӣ) шаҳрвандонро огоҳ намудааст, ки аз санаи 24-уми январи соли 2020 парвозҳояшро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти Ҷумҳурии Мардумии Чин (Душанбе-Урумчӣ) ва баръакс бинобар эълони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доир ба пайдоиши коронавирус қатъ намудааст.

Далели 3:

«…яке аз мусофирон, як марди миёнсол дар ҳавопаймо («Сомон Эйр»,- шарҳи factcheck.tj) ба ҳалокат расидааст, шахсияти ӯ номаълум аст. Манбаъ гуфт, ки он мард аллакай дар ҳавопаймо ҳарорати баланд дошт. Бо мақсади ба воҳима наафтодани мардум бадани фавтидаро бо роҳи пинҳонӣ гузарониданд.

Ёдовар мешавем, ки шумораи миёнаи мусофирон дар як ҳавопаймо 168 нафарро ташкил медиҳад, ки 168 нафар эҳтимолан мубтало шудаанд».

Ҳукмнома: Фейк

Санҷиш

Дар ҳамин ҳол, ширкат бо нашри як изҳороти дигар хабарҳои вобаста ба марги шаҳрвандон дар дохили ҳавопаймои хатсайри Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистонро расман инкор карда (бойгонӣ), гуфтааст, иттилои мазкур нодруст аст.

Далели 4:

«Ҷабрдидаи дуюм аз коронавирус дар клиникаи Мансуров ҷон дод. Бемор бо нишонаҳои шабеҳи ба коронавирус қабул карда шуд. Пас аз чанде бемор ба ҳалокат расид…».

Ҳукмнома: Фейк

Санҷиш

Зимнан, Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо нашри вокуниши расмӣ хабари марги ду шаҳрванди Тоҷикистон аз коронавирусро беасос хондааст (бойгонӣ).

«Вазорат вобаста ба хабаре, ки гӯиё дар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» як нафар бо сабаби гирифтор шудан ба ин беморӣ ҷон дода, ҳамзамон, як нафари дигар дар «беморхонаи клиникии Мансуров» бистарӣ гардидааст, иттилоъ медиҳад, ки он комилан ҳақиқат надорад»,– омадааст дар вокуниши Вазорати тандурустӣ.

Дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сирояти коронавирус, ки гӯиё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, паҳн мегарданд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муроҷитаномааш навиштааст (бойгонӣ), ки «хушбахтона, то имрӯз дар кишвар сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд».

Тибқи омори ахири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба санаи 08.03.2020, дар дунё 105 586 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб 80 859 нафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 24 727 нафар ба дигар кишварҳо рост меояд.

Бар пояи иттилои ин созмони ҷаҳонӣ, то ҳол дар 101 давлати дунё ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории коронавирус ошкор шудааст, ки хушбахтона дар ин феҳрист номи Тоҷикистон дида намешавад. Вале шумори марги одамон аз ин беморӣ дар Чин 3100 нафар ва дар дигар кишварҳо ҳамагӣ 484 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳукмнома

Бо назардошти санҷишҳои анҷомдодаи худ, мо ба хулосае расидем, ки овозаҳо дар мавриди пайдоиши коронавирус дар Тоҷикистон ва хабари марги ду шаҳрванди Тоҷикистон аз ин вирус дар ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» ва сирояти садҳо нафари дигар, беасос мебошад. Аз ин лиҳоз, санҷиши мо дар такя ба маълумоти ниҳодҳои расмӣ ҳукмномаи «Фейк»-ро касб намуд.

P.S. Чунин ба назар мерасад, ки нашри ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ ва беасос дар бораи сирояти коронавирусро, ки гӯиё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бештар дар сомонаҳои бурунмарзӣ метавон мушоҳида кард. Factcheck.tj зимни санҷиш се сомонаеро мавриди санҷиш қарор дод, ки 27-уми январи соли равон онҳо тақрибан бо як мазмун дар бораи марги ду тоҷикистонӣ ва сирояти садҳо нафари дигар пешу қафо маълумот додаанд:

1. Расонаи иттилоотии «Ориён» соати 08:16 дақиқа зери сарлавҳаи «ФАВРӢ: Коронавирус дар Тоҷикистон пайдо шуд: ду мурда, тақрибан садҳо нафар сироят шуда» хабар додааст (бойгонӣ).

2. Сомонаи «Ҳамсинф» ё Ittiloot.com соати 10:02 дақиқа бо забони русӣ матлаберо таҳти унвони «Коронавирус уже в Таджикистане: двое погибших, около сотен зараженных» нашр кардааст (бойгонӣ).

3. Хабаргузории «The Asia Times» низ соати 10:14 дақиқа маводеро бо забони русӣ зери сарлавҳаи «Почему Минздрав Таджикистана скрывает информацию о двух погибших от Коронавируса?» ба табъ расонидааст (бойгонӣ).

Бояд гуфт, ки Factcheck.tj бори нахуст ҳанӯз 27-уми январи соли равон дар ҳамкорӣ бо дигар далелсанҷони Осиёи Марказӣ оид ба пайдоиш ва паҳни коронавирус дар ҷаҳон иттилоъ дода буд.


1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь