Фейк | Дар Русия волидон писари худро Ковид ном гузоштанд

Чӣ санҷида шуд?

Субҳи 6-уми апрел расонаҳои хабарии Русия, мисли Ura.ru (бойгонӣ), Regnum.ru (бойгонӣ), Газета.ru (бойгонӣ) ва ба монанди инҳо иттилоеро нашр карданд, ки гӯиё як оилаи ҷавон аз шаҳри Новокузнетск писари навзоди худро ба шарафи коронавирус «Ковид» ном гузоштаанд. Ҳарчанд шоми ҳамон рӯз ин матлаб аз саҳифаи бархе аз расонаҳои русӣ пок карда шуд, вале бо вуҷуди ин, хабари мазкур тавонист васеъ паҳн шавад, аз ҷумла дар Тоҷикистон.

Factcheck.tj ин матлабро мавриди санҷиш қарор дод, ки то чӣ андоза маълумоти паҳншуда дар бораи ин кӯдак дуруст аст.

Ҳукмнома: Фейк

Нахуст ин хабар дар сомонаи «KuzPress», ки ҳоло саҳифаи лозима дастрас нест, пайдо гардид. Муаллифони сомона ҳатто пинҳон накардаанд, ки хабари мазкур ҳазломез аст, на ҳақиқат. Зеро, дар охири мавод навиштаҷоти «Саломат бошед! 1-уми апрел муборак!!!» дарҷ ёфта буд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Пас аз як ҳафтаи нашр, хабарнигорони Ura.ru ва Газета.ru ин матлабро дубора чоп кардаанд, аммо бидуни тавсифи ҳазломез. Яъне, ин ду расона маводро ҷиддӣ қабул намуда, бидуни ҳеч ваҷҳу баҳона аз сомонаи «KuzPress» иқтибос овардаанд: «Номи муайян, қавӣ ва аслӣ мебошад. Ин на Ваня, Саня, Толя ё Коля аст. Шумо бо ҳеч кас омехта намекунед».

Ин матлаб дигар хабаргузориҳои Русияро низ дар канор нагузошт. Дар нимарӯзи 6-уми апрел, расонаҳои хабарии «360tv.ru» (бойгонӣ) ва «Комсомольская правда» (бойгонӣ) аз сохтаву бофта будани он бахшида ба санаи 1-уми апрел иттилоъ доданд. Ин ду хабаргузорӣ аз қавли намояндаи Раёсати САҲШ вилояти Кемерово навиштаанд, ки «айни замон идораи мазкур бо чунин ном кӯдакеро ба қайд нагирифтааст».

Қаблан, ба иттилои The Guardian ва IndiaToday, оилае аз Ҳиндустон воқеан ҳам номи писару духтари худро «Ковид» ва «Корона» гузоштааст (бойгонӣ). Ҳарчанд ин хабарро ба журналистон волидон гуфтанд, вале ин номҳо оё дар қайди расмӣ сабт шудаанд, маълумоте дода нашудааст.

Хулоса

Хабари мазкурро сомонаи «KuzPress» бахшида ба Рӯзи ханда, яъне 1-уми апрел нашр намудааст, вале чанд хабаргузории федеролии Русия зери матн диққат надода, онро нашру паҳн намудаанд. Баъд аз хабардор шудан аз бофта будани он бархе аз расонаҳои русӣ ин хабарро аз саҳифаи сомонаҳои худ пок карданд. Вале бо вуҷуди рад шудани ин хабар бар асоси маълумоти расмӣ, ҳанӯз ҳам онро дар саҳифаҳои баъзе аз расонаҳои русӣ дидан мумкин аст.

P.S. Барои осон шудани омӯзиши ҷараёни мубориза бо фейкҳо ва санҷиши иттилоот дар бораи COVID-19 ба бахши вижаи сомонаи мо «Коронавирус» гузаред.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь