Чӣ санҷида шуд?
Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook бо номи Анис Саидов дар саҳифаи шахсиаш матлаберо нашр (бойгонӣ) намуда, аз марги Саидислом Абдуҷабборзода (Пиров) аз вируси нави COVID-19 хабар додааст.
Саидислом Абдуҷабборзода, падари Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шӯъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе мебошад, ки ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон (бойгонӣ), Ҷалолиддин рӯзи 19-уми апрели соли равон аз бемории зукоми А (H1N1) ва илтиҳоби дутарафаи шуш фавтида, дар он ҳеч нишонае аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Худи сарлавҳаи мавод «Боз як марги дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон» унвон гирифта, вазъи модари Ҷалолиддин Абдуҷабборзодаро низ вазнин арзёбӣ кардааст.
Матлаби паҳншуда, ки имрӯз аз мавзӯъҳои ҳассос асту дар бисёре аз гурӯҳу саҳифаҳои марбут ба корбарони тоҷики Facebook бознашр шуда, ҳар гуна сару садо ва баҳсҳои зиёдеро ба миён овард, боис ба далелсанҷӣ гардид.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Хабари мазкур овозае беш набуда, онро сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад кардааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Баъд аз нашру паҳни матлаби мазкур, дар саҳифаи фейсбукии сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибихонум Дарвешзода ва корманди ин вазорат Хусрав Шоҳсаидов раддияе интишор гардид, ки марги Саидислом Абдуҷабборзодаро овоза ва беасос хонд (бойгонӣ).
Иқтибос:
«Саидислом Абдучабборзода, соли таваллудаш 1959, падари Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шӯъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе, ки санаи 19 апрели соли равон фавтид, айни замон дар карантин ҳолаташ хуб аст.
Хабару овозаҳо дар мавриди марги Саидислом Абдуҷабборзода асоси воқеӣ надоранд.
P.S: Ба бадхоҳону нотавонбинон ва ҳангомаҷӯён муроҷиат карда, гуфтанием, ки агар як зарра имону инсоф дошта бошед, аз нашри хабару овозаҳои бардурӯғ худдорӣ намоед».
Ҳатто хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон» низ 21-уми апрел иттилоъ дод (бойгонӣ), ки бо Саидислом Абдуҷабборзода тамос гирифтааст. Номбурда ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ҳоло дар Беморхонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе қарор дошта, худро хуб ҳис мекунад.
«Онҳоеро, ки овоза мекунанд, ба Худо месупорам. Аз онҳое, ки аз вазъи сиҳатии мо дар ташвишанд, сипосгузорӣ мекунам. Шукри Худо, вазъам хуб аст»,– афзудааст Саидислом Абдуҷабборзода.
Зимнан, тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 20.04.2020 (бойгонӣ) дар кишвар ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Коронавирус, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, тибқи иттилои СҶТ ба санаи 20.04.2020, шумори умумии сироятёфтагон ба коронавирус 2 314 621 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 157 847 нафар расидааст. Номи Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои сироятёфтаи СҶТ то санаи зикргардида дида намешавад.
Хулоса
Далелсанҷӣ нишон дод, ки хабари мазкур овоза буда, асоси воқеӣ надорад. Бинобар ин, санҷиши мо ҳукмномаи «Дурӯғ»-ро касб намуд.
P.S. Барои осон шудани омӯзиши ҷараёни мубориза бо фейкҳо ва санҷиши иттилоот дар бораи COVID-19 ба бахши вижаи сомонаи мо «Коронавирус» гузаред.