Фактчекnews | Хабари фаврӣ: CОVID-19 дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки дар кишвар 15 ҳолати сирояти бемории CОVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Бино ба хабари манбаъ, имрӯз, 30-уми апрели соли 2020 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории CОVID-19 Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус баргузор гардидааст.

Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-уми апрели соли 2020 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавируси CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 ҳодиса ошкор шудааст.

Бо назардошти ин вазъ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пӯрзур намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи мавҷудияти бемории сироятиро расман эълон намудааст.

Гуфта мешавад, шурӯъ аз 1-уми феврал ба ҳолати субҳи 30-уми апрели соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10 937 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрӯз 8 438 нафар дар ҳолати мӯътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Инчунин, таъкид шудааст, ки феълан дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор дошта, танҳо дар таърихи 29-уми апрели соли 2020 аз муассисаҳои тиббӣ 304 нафар ҷавоб дода шудааст.

Эълони ҳолати тасдиқи ошкоршавии коронавирус дар кишвар дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ то ба имрӯз аз набудани ягон ҳолати сироятёбӣ ба вируси CОVID-19 ҳарф мезад ва Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа бо Туркманистон ба феҳристи кишварҳои озод аз коронавирус шомил буд. Ахиран, СҶТ эълом дошт, ки барои муайянсозии вазъи воқеии эпидемикӣ ба Тоҷикистон мутахассисонашро равон мекунад ва қарор аст, онҳо охири ҳафтаи ҷорӣ озими Тоҷикистон шаванд.

Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс низ дар харитаи онлайнии кишварҳои сироятёфта ба COVID-19 номи Тоҷикистонро бо 15 нафари гирифтор ба ин вируси нав дар феҳристи худ ворид кардааст.

Коронавирус, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, тибқи иттилои СҶТ ба санаи 29.04.2020, шумори умумии сироятёфтагон ба коронавирус 3 018 681 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 207 973 нафар расидааст.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь