Фейк | Facebook маълумоти шахсии шуморо оммавӣ мегардонад

Чӣ санҷида шуд?

Тайи чанд рӯзи ахир дар Facebook хабару паёмакҳои гуногуне нашру паҳн шуда истодааст (бойгонӣ), ки гӯиё ин шабакаи иҷтимоӣ қоидаи наверо ҷорӣ кардан дорад ва тибқи он, мехоҳад аксу маълумоти шахсии корбаронашро оммавӣ гардонад.

Ин хабар бо чунин мазмун ба забони русӣ дар гардиш аст:

«Друзья из FB, не забывайте, что с завтрашнего дня, несмотря на шок вокруг covid 19, в Facebook начинается новое правило, согласно которому ваши фотографии могут быть использованы. Помните, что срок публикации Вашего недовольства по поводу этого использования или возможного неправильного использования – сегодня! Они могут быть использованы в исках против тебя. Все, что ты опубликовывал, когда-либо, может стать открытым и публичным.

Даже если сообщения были удалены…».

Ин хабар байни корбарони Facebook васеъ паҳн гашта, дар идомаи он аз корбарон даъват карда мешавад, ки матлаби мазкурро бо нусхабардорӣ дар саҳифаҳои худ ҷой диҳанд, то маълумоти шахсии онҳо «ҳифз шаванд».

Ҳукмнома: Фейк

Чунин хабарҳо бори аввал нест, ки дар олами маҷозӣ аз тарафи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда паҳн мешаванд. Аз ин рӯ, далелсанҷон ин матлабро мавриди санҷиш қарор доданд ва маълум карданд, ки чаро ин фейк аст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Шабакаи иҷтимоии Facebook дар бахши «Шартҳои истифодабарӣ» («Пользовательское соглашение»), дақиқан дар банди дуюми ин бахш возеҳ шарҳ додааст: «Мо маълумоти шахсии шуморо ба касе пешкаш намекунем, агар худи шумо барои ин ба мо иҷозат надода бошед».

Гузашта аз ин, ҳар як корбари Facebook тавассути саҳифаи шахсияш метавонад, маълумоти зарурии хешро махфӣ нигоҳ дорад ва ё онро оммавӣ гардонад. Ҳамчунин, дар бахши «Сиёсати истифодабарии маълумот» («Политика использования данных») шабакаи мазкур ба корбаронаш имкон додааст, ки тамоми маълумоти саҳифаи худро идора кунанд.

Ҷустуҷӯйҳои мо нишон дод, ки ин овозаҳо ҳанӯз соли 2012 пайдо шудаанд. Дар ин бора бори нахуст хабаргузориҳои амрикоии ABC News (бойгонӣ) ва Snopes (бойгонӣ) иттилоъ дода, бофта будани онро собит кардаанд.

Хабаргузории The Bell низ соли 2019 доир ба овозаи мазкур далелсанҷии вижае анҷом дода, муфассал шарҳ додааст, ки хабари мазкур фейк аст (бойгонӣ).

Хулоса

Санҷиши мо муайян кард, ки овозаҳо дар мавриди истифода ва оммависозии маълумоти шахсии корбарони Facebook аз ҷониби ин шабакаи иҷтимоӣ баъд аз ҷорӣ намудани қоидаи нав, бепоя аст. Зеро, иддаои дар ин матлаб овардашуда асоси худро наёфтанд ва хулосаи далелсанҷии мо «Фейк»-ро гирифт.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь