Зарари молии иқтисоди Тоҷикистон аз пандемияи коронавирус беш аз 2 миллиард доллар шудааст ва ба тайиди Раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳанӯз охири ҳаҷми зарар нест. Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Тоҷикистон ин эҳтимолро истисно намекунад, ки то поёни соли ҷорӣ ҳаҷми зарар бештар бишавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ҳаҷми зарари расида аз коронавируси нав ба иқтисоди кишвар дар ҷаласаи маҷозӣ ба муносибати таҷлил аз 75-умин солгарди таъсисиёбии СММ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ суҳбат кард:
«Мувофиқи арзёбии пешакӣ, бинобар таъсири манфии омилҳои иқтисодии берунаи бавуҷудомада, соли равон зарари умумӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон метавонад зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил дода, дар оянда ҳам афзоиш ёбад».
Аммо Эмомалӣ Раҳмон шарҳ надодааст, ки кадом арсаи иқтисоди кишвар бештар зарар дидааст. Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони тоҷик коҳиши мизони воридоти пули муҳоҷирон аз Русия ба кишварро иллати аслии зарар ба иқтисодиёт арзёбӣ мекунанд. Ба бовари коршиносони тоҷик, коҳиши то нисф ва ҳатто бештар аз нисфи ҳаҷми маблағи муҳоҷирони корӣ иқтисоди Тоҷикистонро бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.
Абдуманнон Шералиев, коршиноси умури иқтисодӣ мегӯяд, зарари расида ба Тоҷикистон дар асл аз рақами эъломкардаи Раисҷумҳури кишвар бештар аст. Зеро, ҳаҷми воқеии пулҳои ирсолнамудаи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон аз он чизе, ки ба таври расмӣ садо медиҳад, ба маротиб бештар мебошад.
– Муҳоҷирони корӣ қисми зиёди пулҳои худро бо худ меоранд ва танҳо як қисми ками онро тавассути бонкҳо мефиристанд. Азбаски ҳаҷми воридоти ин пулҳо ба иллати бекории муҳоҷирон дар Русия ва дар ватан банд мондани теъдоди зиёди онҳо кам гардид, иқтисоди Тоҷикистон зарари калон дид, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҷаноби Шералиев дар идома афзуд, ин маънои онро дорад, ки иқтисоди Тоҷикистон амалан вобастаи пули муҳоҷирон ва кишвари дигар аст: «Ин зарар аз кам гардидани интиқоли пули муҳоҷирин мебошад. Пандемияи коронавирус бештар ва асосан ба муҳоҷирони кории тоҷик зарар расонидааст ва хисороти расида ба иқтисодиёти кишвар аз ҳамин маблағҳо мебошад. Як навъ шармандагӣ мебуд, ки эътироф ва эълон бишавад, ки кишвар вобастаи пули он қисмат аз шаҳрвандонест, ки на дар дохили кишвар кору заҳмат мекашанд, балки дар берун аз кишвар муздурӣ карда, пул мефиристанд. Маҳз ҳамин пулҳо аст, ки устувории иқтисодии давлатро замонат медиҳанд».
Ҳукумати Тоҷикистон барои камасар кардани таъсири манфии коронавирус ва иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии худ рӯйи ниёз ба созмонҳои молиявии байналмилалӣ овард.
Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазир дар тобистони соли ҷорӣ дар як нома ба Масатсугу Асакава, президенти Бонки Осиёи Рушд навишт, ки пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати «форс мажор» ё «монеаи муқовиматнопазир» қарор додааст ва кишвар ба кӯмак ниёз дорад. Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар ин нома навиштааст, ки феълан Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз таъсири манфии COVID-19 ба 364 миллион доллар ниёз дорад. Ба таъкиди Давлаталӣ Саид, рушди иқтисоди Тоҷикистон бинобар пешбинии ҳукумат аз 7,5%, ки қаблан пешбинӣ мешуд, то ба 2,4% поин меравад. Ҳамин тавр, Бонки Осиёи Рушд ба Тоҷикистон 50 миллион доллар грант ва ё кӯмаки бе иваз тақдим кард. Дар баробари ин, бонки мазкур барои дастгирии хонаводаҳои муҳоҷирони дар шароити мушкил қароргирифта, 30 миллион доллар ихтисос дод. Бархе аз ин созмонҳо, аз ҷумла Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки Ҷаҳонӣ, бо дар ихтиёри Тоҷикистон мондани даҳҳо миллион доллар қарзҳои бе ивазу боимтиёз ва бидуни баҳра аз шиддати иҷтимоӣ ҷилавгирӣ карданд. Барои мисол, Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар, Сандуқи байналмилалии пул 189,5 миллион доллар бештар ба Ҳукумати Тоҷикистон кӯмак карданд, то дар пардохти маошу нафақаи он қишри аҳолӣ, ки дар муассисаҳои давлатӣ фаъолият мекунанд ва инчунин бознишастаанд, дучори мушкил нашаванд. Ҳамзамон, бо ироаи ин кӯмак Сандуқи байналмилалии пул, ки равандҳои иқтисодии Тоҷикистонро зери назорат дорад, дар гузориши охири худ ба санаи 6-уми октябри соли ҷорӣ гуфтааст, «дефитсит» ва ё камомади буҷаи Тоҷикистон имсол афзоиш ёфта, то охири сол метавонад, аз 350 то ба 500 миллион доллар расад.
Ахиран дар расонаҳо хабаре мунташир шуд, ки Тоҷикистон ҳатто аз Камбоҷа, як кишвари дигари фақиртарини олам ба маблағи 380 000 доллар кӯмаки башардӯстона барои муқобила бо пандемияи коронавирус дарёфт кардааст. Ва ҳамин тавр, давоми моҳҳои январ-сентябр 58 кишвар ба Тоҷикистон кӯмак кардаанд. Тибқи иттиллои Хадамоти гумрук, ҳаҷми кӯмакҳои расонидаи ин кишварҳо, ки 38,2 млн. долларро ташкил додааст, чунин мебошад:
– Чин (42,2%), Ӯзбекистан (10,8%), Туркия (10,3%), Ҳиндустон (8,2%), Русия (6,1%), Қазоқистон (4,9%), Дания (2,1%), Нидерланд (1,7%), Финляндия (1,3%), ИМА, Белгия ва Олмон (1,1%-ӣ), Лаҳистон (Полша) ва Камбоҷа (1%-ӣ).
Ҳукумат барои сабуктар кардани паёмади коронавирус нақшаи даромади буҷаи худро то 2 миллиарду 349 миллион сомонӣ кам кард. Аз ҷумла, давлат маблағгузории тарҳҳои сармоягузориро аз ҳисоби қарзу грантҳо 977 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби идораҳои давлатӣ 81 миллион сомонӣ коҳиш дод. Беш аз ин барои кам кардани таъсири бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар ба чанд соҳа ва соҳибкорон сабукӣ дод. Аз ҷумла, иншооти соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкороне, ки дар бозорҳо кор мекунанд, муваққатан аз пардохти андоз озод шуданд. Барои афзоиши маоши табибоне, ки мустақим ба табобати ин беморӣ машғуланд, беш аз 12 миллион сомонӣ ҷудо кард.
Бо ин вуҷуд, Ҳукумати Тоҷикистон ногузир шуд, ки бо афзоиши фурӯши захираҳои тилло ва сангу фулузот (металҳо)-и гаронарзиш эътидол дар бозори дохилӣ ва таъминоти аҳолӣ бо маводи аввалияи мавриди ниёзро ҳифз бикунад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки мизони тиҷорати берунаи Тоҷикистонро дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта (январ-сентябр) аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти гурӯҳи «сангу фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо» ба андозаи 5,5 баробар зиёд кардаанд. Дар ин давра ҳаҷми содирот ба 1,2 млрд. доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 54,8% зиёд гардидааст. Маҳсулоти гурӯҳи зикршуда ба маблағи умумии 689 млн. доллар содирот шудааст, ки 58% аз ҳаҷми умумии содироти кишварро дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ташкил медиҳад.
Бо ин ҳол, бештари таҳлилгарон ва коршиносон мегӯянд, ки зиёни беш аз 2 миллиард доллари расида ба иқтисоди Тоҷикистон бар асари пандемияи коронавирус ба тавлидоту истеҳсолоти дохилии ин кишвар нест. Яъне, кадом корхонае бо 10 ҳазор коргар ва бо маоши аз 5 то 10 000 сомонӣ бар асари коронавирус аз кор бозмондааст ва ё ба ҳамин монанд, дар самти кишоварзӣ барои мисол, дар ҳеч навоҳие майдони 20 000 гектар пахта маҳз аз ин беморӣ аз ҳосил мондааст. Аз ин ҷост, ки ин 2 миллиард доллар зарари расида, асосан пули муҳоҷирони кории кишвар аст, ки дигар самтҳои иқтисоду иҷтимоии кишварро ба таҳрик ва чархиш медароварад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи даҳ рӯзи ахир арзиши бархе аз маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили равғани рустанӣ, шакар ва гӯшт аз 10 то 30% боло рафтааст.
Як коршиноси дигари тоҷик, ки нахост аз ӯ ном барем, гуфт, мақомоти тоҷик бо ин вуҷуд, ки дар бораи аз кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ барои рафъи оқибатҳои COVID-19 маблағ ва кӯмакҳо дарёфт мекунанд, даст ба корҳое мезананд, ки муносиби вазъи ҳоли имрӯз нест. Барои мисол, нашри китоби «Тоҷикон» ба маблағи беш аз 13 миллион доллари буҷа тавассути чопхонаи «Фароз» ҳеч зарурате надошт ва мешуд, ки баъдтар низ ин корро анҷом дод.