Фактчекnews | Донишҷӯе, ки бо мутолиаи 400 асар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт (видео)

Шаҳзод Абдуллоев – донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, бо мутолиаи беш аз 400 адад китоб ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт.

Ӯ аз рӯи номинатсияи мутолиаи осори адибони ҷаҳон ғолиби даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ гардид.

Ҳоло Шаҳзод ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур, ки аз 7 то 15 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Гуфта мешавад, ғолибони даври ниҳоии озмун бо диплом ва аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд. Шоҳҷоизаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Маълумоти бештар дар кэпшн-видеои навбатии мост, ки метавонед ин ҷо тамошо кунед.

Ҳаёт ҚУРБОНОВ,

Мактаби расонаии «JMBpictures»

Нашри мазкур дар доираи Лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иҷро шудааст. Ақидаи муаллиф (муаллифон)-и нашр ва мундариҷаи ин мавод метавонанд бо акида ва мулоҳизаҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь