Далелсанҷӣ | Гармӣ, қафасҳои танг, бӯи даҳшатнок – ин ҳама дар боғҳои ҳайвоноти Душанбе ва Хуҷанд!

Чӣ санҷида шуд?

Давоми чанд рӯзи ахир бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоии Facebook (бойгонӣ) ва Instagram (бойгонӣ) байни худ аксҳоеро зери унвони «Боғи ҳайвонот ё зиндони ҳайвонот» («Зоопарк или зоотюрьма?») ва «#Ҳайвонҳо_ҳам_офаридаи_Парвардигоранд☝️☝️☝️» паҳн намуданд, ки дар онҳо ҳолати будубоши ҳайвоноти ваҳшӣ паси панҷараҳо инъикос ёфтааст. Дар ин аксҳо дида мешавад, ки бархе аз ҷонварон хеле харобу лоғар буда, дар шароити начандон хуб нигоҳубин карда мешаванд.

Нашру паҳни ин аксҳо баҳсҳои зиёдеро дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт ва барои дақиқ кардани он ки то куҷо аксҳои мазкур ба боғи ҳайвоноти Душанбе ва Хуҷанд бевосита дахл доранд, боис ба санҷиш гардид.

Ҳукмнома: Дурӯғ бо унсури дасткорӣ

Аксҳое, ки дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ истифода шудааст, солҳои гузашта бардошта шуда, аксари онҳо кӯҳна мебошанд ва як қисмати онҳо аслан ба боғҳои ҳайвоноти Душанбею Хуҷанд рабт надоранд.

Скриншот аз саҳифаи корбари Instagram – afsaron1

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҳамаи он аксҳои ҳайвоноте, ки дар шабакаҳои иҷтимоии зикршуда дарҷ ёфтаанд, тавассути ҷусторҳои Google ва Яндекс мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Зимни санҷиш маълум шуд, ки ин аксҳо:

9-уми июли соли 2013 зери сарлавҳаи «В цирке-шапито под Киевом издеваются над медведями» (бойгонӣ) / Шабакаи хабарии «24»;

28-уми декабри соли 2013 таҳти унвони «Душанбинский зоопарк переезжает» (бойгонӣ) / Хабаргузории «Вечёрка»;

18-уми ноябри соли 2019 бо номи «Директор душанбинского зоопарка снят с должности» (бойгонӣ) / ОИ «ASIA-Plus»;

7-уми январи соли 2016 зери унвони «Душанбинский зоопарк – Унылый» (бойгонӣ) / Сомонаи сайёҳии «TripAdvisor»;

Соли 2018 таҳти сарлавҳаи «Душанбинский зоопарк» (бойгонӣ) / Сомонаи «Ansor»;

4-уми августи соли 2016 бо номи «Посмотрите, как сегодня выглядит спасенный из цирка больной тигр» (бойгонӣ) / Сомонаи «Фрамар» (бори нахуст, ин акс санаи 1-уми августи соли 2016 дар сомонаи «Thedodo» истифода шудааст);

Скриншоти санҷиши акси бабрбача

19-уми январи соли 2016 зери сарлавҳаи «Внутри самого печального зоопарка в мире: шокирующие фотографии показывают голодных медведей и львов, которые вынуждены жить за счет отходов скотобойни после того, как их бросил армянский олигарх» (бойгонӣ) / Хабаргузории «DailyMail»;

6-уми июли соли 2018 таҳти унвони «Лагерь смерти для животных: передвижной зоопарк возит по России полутрупы (ФОТО, ВИДЕО)» (бойгонӣ) / Хабаргузории «Русская весна» бардошта ва нашр шудаанд.

Хулоса

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки яке аз корбарони Instagram – «afsaron1», зери матлаби «Боғи ҳайвонот ё зиндони ҳайвонот» («Зоопарк или зоотюрьма?») бо истифода аз аксҳои солҳои пешин (гарчанде бархе аз аксҳо ба боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дахл дошта бошад ҳам), мухотабонро ба саҳифаи худ ҷалб намуда, онҳоро гумроҳ намудааст. Бинобар ин, ҳукмномаи далелсанҷии мо «Дурӯғ бо унсури дасткорӣ» ном мегирад.

Фаридун ХОЛБОЕВ


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь