Чӣ санҷида шуд?
4-уми январи соли 2021 сомонаи «Asia Times» хабареро таҳти сарлавҳаи «Дар Тоҷикистон қатли оммавии 200 сагу гурба анҷом дода шуд – сари онҳоро буриданд» («В Таджикистане произошло массовое убийство 200 собак и кошек – им перерезали горло») нашр кард (бойгонӣ).
Дар хабар гуфта мешавад, ки гӯиё дар Тоҷикистон бетаваҷҷуҳӣ ва бераҳмӣ нисбат ба ҳаёти ҳайвонот маъмул гашта, то ҳатто ин масъала дар сатҳи қонунгузорӣ бардошта намешавад ва ҳамеша дар ҳошияи ислоҳот боқӣ мемонад.
Ин хабарро чанде аз корбарон дар шабакаи иҷтимоии Facebook бознашр кардаанд (бойгонӣ), ки баҳсу баррасиҳои гуногунро ба вуҷуд овард.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Аслан, хабари мазкур ба Тоҷикистон ҳеч рабте надорад, чун хабаргузории «Asia Times» ин маводро аз дигар расонаҳои хабарӣ гирифта, ба ҷои «Якутск» номи «Тоҷикистон»-ро истифода бурдааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Зимни ҷустуҷӯ маълум гардид, ки сомонаи NEWSRU.com ҳанӯз дар таърихи 9-уми марти соли 2020 бо ҳамин унвон хабареро ба нашр расонид (бойгонӣ), ки гуфта мешавад, ҳимояткунандагони ҳайвонот дар минтақаи Якутски Федератсияи Русия 153 сагу 48 гурбаи сарбуридаро, ки 7-уми марти соли 2020 кушта шудааст, пайдо кардаанд.
Инчунин, хабаргузориҳои Лента.Ру (бойгонӣ) ва Новая газета (бойгонӣ) хабари мазкурро 12-уми марти соли 2020 ба нашр расонидаанд.
Дар бораи ин ҳодиса ҳатто шаҳрдори Якутск Сардана Авксентева дар саҳифаи «ВКонтакте»-и худ вокуниш нишон додааст (бойгонӣ).
Ҳарчанд сарлавҳаи хабарро сомонаи «Asia Times» аз сарчашмаҳои болозикр истифода кардааст, вале матни хабарро аз як қисмати маводи сомонаи Аsiais.ru (бойгонӣ) гирифтааст, ки дар матни аслӣ дар бораи куштори ин миқдор ҳайвонот аслан ҳарфе вуҷуд надорад.
Хулоса
Дар наиҷаи далелсанҷӣ муайян гардид, ки куштори 200 сар сагу гурбаҳо аслан моҳи марти соли 2020 дар Якутск рух додааст ва онҳоро гӯиё бо гумони дар алоқа будан бо ҳайвоноти ҳорӣ (девона) куштаанд. Вале сомонаи «Asia Times», ки 4-уми январи соли 2021 бо нашри ин хабар макони рухдоди онро ба Тоҷикистон рабт додааст, «Дурӯғ» мебошад.