Давоми 20 рӯзи миёни октябр ва ноябр дар як кӯчаи деҳаи Рукнободи ноҳияи Панҷакент се марди 77, 56 ва 71-сола бар асари гирифторӣ бо коронавирус даргузаштанд. Мардони 56 ва 71-сола дар ҷанозаи марди 77-сола ширкат варзиданд. Вале яке баъд аз ду рӯз дар хона ва дуюмӣ, марди 71-сола дар бемористони «Якум Советский»-и пойтахт, ки ба хотири табобат рафта буд, вафот кард. Ҷасади ӯро мошини ёрии таъҷилӣ аз пойтахти кишвар мустақим ба қабристони деҳа бурд ва соати 05:00-и субҳ ба хок супориданд. Аммо ин манзара ва ҳолат танҳо дар ин деҳа мушоҳида нашудааст. Чунин ҳолат дар дигар деҳоти кишвар низ ҷараён дорад…
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар соли 2017 қисмати аъзами аҳолии ин кишвар – 56,44%, дар манотиқи кӯҳистону деҳот ба сар мебаранд, ки ба иллати камбуд ё адами бемористон ва пизишки мутахассис муоина ва муолиҷаи коронавирус мушкил ба бор овардааст.
Деҳае, ки дар борааш мегӯем – Рукнобод аст ва 40 км дуртар аз маркази ноҳия – Панҷакент, ҷойгир мебошад. Ин бемористон чанд табиб ҳам дорад, вале шароиташ на ба он дараҷаест, ки битавонад маризонро бистарӣ кунад. Гирифторони коронавирус дар хонаҳояшон бистарӣ мешаванд ва пизишкон ноилоҷ онҳоро дар шароити табобати хонагӣ нигоҳубин мекунанд.
«Хобу хӯрро тамоман аз шумо мегирад. Иштиҳо нопадид мешавад. Ҳаракат ва қуввати баданро тамоман заиф мекунад. Ҳавсала ва тавон надоред, ки аз ҷо бархезед. Таби бадан боло меравад. Бар замми ин ҳама, бемориҳои «кӯҳна», бемориҳои чанд соли пешӣ ҷисмро бедор месозад. Ба назаратон чунин менамояд, ки сартопои тану ҷисматон шалпар ва беҷон шудааст. Нафаскашӣ ба ҳадде душвор мешавад, ки гумон мекунед, дар роҳи нафас чизҳое банд мондааст, ки чумчаро дохил кунеду ҳалқу коматонро тоза созед, то ҳаво ворид шавад».
Ин қиссаи як бонуи 46-солаи деҳа аст, ки гирифтори коронавируси нав шуд. Аммо то замоне, ки дарак ёфт, хеле фурсатро аз даст дод ва пизишки деҳа, бо азобе тавонист, ӯро муолиҷа ва сари по намуд. Ёқути Хоҷамурод, ки модари шаш фарзанд ва панҷ набера аст, гуфт, 18 рӯз дард кашид.
«Аслан, на бӯйро мефаҳмидам ва на таъму лаззати ғизоро. Ҳароратсанҷ 39,5 ва ҳатто 40 дараҷаро нишон медод. Чанд бор бар асари таби баланд васият ҳам кардаам, ки хуб ман мемираму шумоҳон маро бубахшед. Нафастангӣ ва дарди шадиде дар тамоми устухонҳо шуморо то сарҳади марг мебарад. Вале шукр, ки ҳамааш пушти сар шуд. Ҳоло сиҳатиам хуб аст».
Ин хонум замоне пайхас кард, ки коронавирус шудааст, пизишки деҳа ӯро дар як хонаи алоҳида ҷо кард ва даробаро ва аёдати наздикон бо ӯро иҷозат надод. Худи ин хонум гуфт, ки аз рӯи аломатҳои беморӣ ва аз он ки чанд нафар аз беморони дигар ҳам айни ҳамин нишонаҳои бемориро доштанд, дарк кардам, ки коронавирус шудаам. Аммо ӯ афзуд, ки вақте аз духтур пурсидам, ман коронавирус шудаам ё не, духтур посухи рад дод ва гуфт, ки «қоидаи реҷаи бистариро риоят кунед, сиҳат мешавед».
Ёқути Хоҷамурод, яке аз даҳҳо нафаре аст, ки дар деҳоти дурдаст бо коронавирус дасту панҷа нарм карда, пирӯз шудааст. Дуруст аст, ки барои чунин беморон дар шаҳракҳову деҳотҷойҳо мардум ва инсонҳои дастбахайр бо ин ва ё он васила кӯмак карданд. Аммо дар деҳот, дар шароите, ки на имконияти муоинаву на ташхисе вуҷуд дорад ва тайи моҳҳои ноябр то нимаи декабр нерӯи барқ ҳам дар рӯз ва ҳам дар чанд соати шаб дастрас набуд ва агар Худое нохоста, барои чунин беморӣ дастгоҳи нафаскашии сунъӣ лозим шавад, наметавон аз он истифода кард. Ин табибон ҳастанд, ки тасалло ва муттакои беморон ва наздикони онҳо мешаванд.
Саъдӣ Саъдиев, пизишке, ки бештари гирифторони коронавирус дар деҳаи Рукнободи ноҳияи Панҷакентро табобат ва дармон бахшидааст гуфт, ки новобаста аз набуди ташхисгоҳ ва адами дастгоҳи санҷиши тест дар табобати беморон кутаҳӣ накардем. Вай афзуд, ки тайи ин муддат аз сад ва саду панҷоҳ нафар бештар гирифторони коронавирусро табобат карда ва дар ин миён худаш низ бо ин беморӣ гирифтор шудааст.
«Шароити деҳаҳо ба ҳама маълум аст. Беморхона на зарфияти фаннӣ дорад ва на имконият, ки беморро бихобонем. Барои ҳамин ногузир ҳастем, ки касалҳоро дар хонаҳояшон таҳти табобат қарор диҳем».
Саъдӣ Саъдиев, пизишки деҳа дар ҷавоби савол, ки чӣ тавр ташхис медиҳед, ки бемор гирифтори коронавирус шудааст, дар ҳоле, ки кадом дастгоҳу таҷҳизот ва ҳатто рентгени одӣ надоред, гуфт, дигар ин ба таҷрибаву малакаи корӣ марбут аст ва аввалин коре, ки анҷом медиҳем, беморро ба қарантинаи хонагӣ фаро мегирем. Ӯро дар як хонаи алоҳида ҷой медиҳем. Ҳарорати ҳавои хона, реҷаи бистарӣ ҷорӣ мекунем. Барои бемор мефаҳмонем, ки чӣ бояд хӯраду чӣ нахӯрад ва чӣ кор бояд кунад, то зудтар аз ин беморӣ халос шавад. Барои бемор хӯрдани нӯшокиҳои сард ва меваҳои тарро манъ мекунем, баръакс бояд ҳар чӣ бештар оби ҷӯш истеъмол кунад:
«Ба хотири он ки бемор дучори тарсу ваҳшати бештар нагардад, ба коронавирус гирифтор шудани онҳоро тасдиқ намекунем. Зеро, дар ин ҳолат онҳоро воҳима фаро мегирад ва кори табобату дармонбахширо мураккаб месозад. Аз тарафи дигар, мо наметавонем, бо итминон бигӯем, ки мариз коронавирус аст, чунки ягон дастгоҳ ва таҷҳизоти муоинаву ташхис надорем. Худи ман бештар аз тарзи нафаскашӣ ва кори шуши бемор натиҷа мегирам ва ташхис мекунам».
Бар пояи маълумоте, ки дар Интернет, аз ҷумла сомонаи Радиои Озодӣ ва дигар торнамоҳо ба нашр расидааст, шумори қурбониёни коронавирус дар деҳот аз шаҳрҳо бештар будааст. Ҳоло наметавон мушаххас кард, ки теъдоди фавтидаҳо чӣ қадар аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба он ки дар ин феҳристҳо маҳалли зисти онҳо дарҷ шудааст, метавон чунин натиҷагирӣ кард. Барои мисол, дар феҳристе, ки сомонаи mediamarker.info дар робита ба қурбониёни коронавирус ба нашр расонидааст (бойгонӣ), дида мешавад, ки таносуби фавтидаҳо дар деҳот бештар аст.
Аммо ҳоло суол ин аст, ки дар шароити кӯҳистон, ки дигар сардиҳо ҳам ҳукмронӣ дорад, чӣ бояд кард, то аз афзоиши он ҷилавгирӣ бишавад.
Ораш Алоӣ, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиш дар шаҳри Ню-Йорки Амрико, ки моҳҳои октябр ва ноябр бо даъвати Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, гуфт, мардуми кӯҳистон, пеш аз ҳама, бояд ҳарорати ҳаво дар дохили хонаро мӯътадил нигоҳ бидоранд ва ҳамвора тирезаҳоро боз кунанд, то ҳавои тоза дохили хона бишавад. Вай гуфт, дар шароити кӯҳистон беҳтарин роҳи мудавво ин риояти ҳатмии чораҳои беҳдоштӣ аст:
«Муҳимтарин роҳи пешгирӣ ин риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаи беҳдоштӣ аст. Ниқоб пӯшидан ба танҳоӣ пешгирӣ намекунад. Бояд ниқоб зананд, фосилаи думетриро ҳифз бикунанд, дастҳоро бишӯянд ва аз ҳама муҳимтар дар ин зимистон бояд дару тирезаҳоро боз ва ҳавои тозаро вориди утоқи корӣ ва манзили зист кунанд. Тавсияи табибонро ҳатман риоя кунанд ва ҳатмани ҳатман дар утоқи алоҳида бошанду худро қарантин кунанд».
Зимнан, таъсири коронавирус дар деҳаҳо аз он ҷиҳат бисёр ҳам эҳсосшаванда гардид, ки маросимҳои суннатии мардум, аз қабили тӯй ва ҷаноза бо ҷалби андаки мардум баргузор мешаванд. Хелеҳо, ки ширкат ҳам мекунанд, бо ниқоб ҳозир мешаванд ва дар бархе аз чунин маросимҳо ин ҳолат ҳам ба мушоҳида расид, ки ду-се ҷавонро мутасаддӣ гузоштаанд, то дасти мардумро бо маҳлулҳо зиддиуфунӣ кунанд. Дуруст, ҳамон кореро, ки ба ҳангоми интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ва парлумон ва интихоботи Раёсатҷумҳурӣ анҷом дода буданд. Як масъули идораи ҷамоат гуфт, ки дар муқоиса бо соли гузашта мавориди маргу мир зиёд шуд. Аммо маросими хурсандӣ, назири тӯйҳо кам гардид ва бархеҳо чунин маъракаҳои дар нақшаи худро барои баъд мавқуф гузоштанд.
Аммо дар шароити деҳа дарёфту дастрасӣ ба дору чандон мушкил пеш намеовардааст. Ба гуфтаи пизишк Саъдиев, тамоми доруҳоеро, ки пизишкон барои ин беморӣ таъйин мекунанд, дар дорухонаҳо фаровон аст:
«Аспирин, парасетамол, аскарбиновий кислота (витамин), рибоксин, дексометазон, гепорин, арбидол, В-комплекс (витаминҳо), антибиотикҳо – барои табобат ва пешгирии оризаҳо ва чанд доруҳои дигар, ки барои беморони коронавирус тавсия медиҳем, ба осонӣ дастрас мекунанд».
Вале ҷаноби Саъдиев гуфт, ки табобати коронавирус ба тавонмандии организм ва вокуниши он ба доруҳо вобаста аст. Аз ин ҷиҳат, шояд барои баъзе беморон 400 сомонӣ ва барои баъзеашон якуним, ду ва ҳатто се ҳазор сомонӣ масраф шавад.
Зимнан, Ёқути Хоҷамурод ҳам гуфт, ки барои табобаташ 2 ҳазору 400 сомонӣ харҷ кардааст. Ба таъйиди чанде аз пизишкон, дар давраи авҷи корнавирус ва то ҳамин ҳоло беморхонаи деҳа ягон кӯмак аз ҳеч куҷо дарёфт накардааст. Либосҳои махсус барои муолиҷаро ҳамагӣ як ададӣ ва он ҳам либосҳои якмасрафаро як бор додаанд. 750 сомонӣ барои табибон ва 250-300 сомонӣ ба ҳамшираҳои шафқат ва он ҳам барои як маротиба маошашон илова шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи як фармони Раисҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз моҳи май барои табибоне, ки муолиҷа ва парастории беморони коронавирусро бар дӯш доранд, барои се моҳ дар ҳаҷми як маоши корӣ ба маошашон мебоист илова шавад.
«Мо, ниқобу дастпӯш ва айнакҳоро худамон дастрас мекунем. Антисептикаро низ бо пули худамон мехарем. То кунун кадом кӯмаке барои беморхона ва пизишкону ҳамшираҳои шафқат вобаста ба табобати коронавирусро дарёфт накардаем».
Пизишк Саъдӣ Саъдиев 1300 сомонӣ маоши моҳона мегирад. Ӯ гуфт, на ҳама беморон имконияти пардохти ҳаққи заҳмати табибонро доранд. Аз ин ҷиҳат, ягон нархнома ҳам вуҷуд надорад. Ҳар он чизе, ки худи беморон ва ё наздикони онҳо ба муолиҷакунанда медиҳанд, бо ҳамон иктифо мекунем.