Фактчекnews | Ваъдаҳои шаҳрдори Хуҷанд барои соли 2021

Шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода моҳи феврал зимни нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти маҳаллии шаҳр ҳисобот дода, ҳамчунин барои минбаъд аз номгӯи чанд корҳо ёдовар шуд ва ваъда кард, ки иҷроиши онҳо дар фурсати муайян таъмин мешавад.

  • «Нақшаи мо дар соли 2021 ташкили боз 17 адад корхонаҳои нави саноатӣ».

Ин нуктаро шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни нишасти хабарӣ 9-уми феврали соли равон дар ҳузури хабарнигорон таъкид дошт. Ба гуфтаи ӯ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ баҳри афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, ӯ изҳор дошт, ки бо сабабҳои гуногун дар соли 2020, 14 корхонаи саноатии дар ҳудуди шаҳр бақайдгирифташуда, аз фаъолият бозмонданд. Шаҳрдори Хуҷанд таъкид дошт, ки ҳукумати шаҳр талош дорад, корхонаҳои дар соли 2020 аз фаъолият бозмонда дар соли 2021, сад фисад кор кунанд ва ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ афзоиш ёбад.

  • 32 оилае, ки манзилҳояшон бинобар нақшаи бунёди «Шаҳраки чинӣ», маъруф бо «China town» вайрон карда шуда буд, то Иди Наврӯз соҳиби хонаҳои истиқоматӣ мешаванд.

Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд дар ҷараёни нишасти матбуотии солонаи худ ваъда кард, ки ҳамаи он оилаҳое, ки хонаҳояшон бинобар тасмими бунёди «Шаҳраки чинӣ» («China town») вайрон карда шуда буд, то Иди Наврӯз аз маҳаллаи 18 соҳиби манзил мешаванд.

– Аллакай барои онҳо хонаҳо омода шудааст, то Иди Наврӯз хонаҳо сад фисад омода мешаванд ва ман боварӣ дорам, ки мо ба ҳар яки онҳо хонаҳояшонро месупорем, – афзуд шаҳрдори Хуҷанд.

Дар пайи сохта нашудани «China town», 32 хонаводаи сокинони Хуҷанд, ки 5 соли пеш хонаву ҳавлиҳояшонро вайрон ва замини онро дар ихтиёри сохтмони шаҳраки нав ҳамвор карданд, то ҳол дар шароити хонаҳои иҷоравӣ ба сар мебаранд. Ҳарчанд бино ба маълумоти ахир, маблағи иҷораи хонаҳои ин гурӯҳи сокинонро ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба зиммаи худ гирифта буд, вале сокинон аз шароити танги хонаҳои иҷоравӣ шикоят мекарданд (бойгонӣ).

Ин сокинон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд маскун буданд ва миёни онҳо ва ширкати «Ҳусноро 1» – масъули сохтмони шаҳраки нав, шартнома ҳам вуҷуд дошт, ки тибқи он, мебоист баъд аз ду сол онҳо ба ҳуҷраҳои нав медаромаданд.

Ҳанӯз соли 2015 мақомоти шаҳри Хуҷанд гуфта буданд (бойгонӣ), ки Чин дар маркази вилояти Суғд ба сохтмони як шаҳрак оғоз кардааст ва биноҳои нахустинаш баъд аз 5 сол мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Сокинони ин минтақа бо далели бунёди шаҳраки нав аз хонаҳояшон ба иҷора гузашта буданд ва тибқи нақша, мебоист аллакай соҳиби манзил мешуданд. Аммо ҳанӯз ин ваъдаҳо иҷро нашуданд ва ҳамакнун, шаҳрдори тозатаъини шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ваъда кард, ки ин гурӯҳи сокинон то ҷашни Наврӯз соҳиби хонаҳои нав мешаванд.

  • «То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 100 майдончаи варзишӣ ва гулгаштҳо омода мекунем!»

Раиси шаҳри Хуҷанд дар робита ба масъалаи сохтмони биноҳои баландошёна изҳори назар намуда, гуфт, ки минбаъд дар байни биноҳои баландошёна барои сохтмони биноҳои нав берун аз нақшаи генералии ободонии шаҳр иҷозат дода намешавад.

Бино ба таъкиди ӯ, дар байни биноҳои баландошёна то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақша, беш аз 100 майдончаи варзишӣ ва гулгаштҳо сохта мешавад ва сохтмони ин боғчаву гулгаштҳо бо мақсади таъмини истироҳату фароғати шаҳрвандон бо ҳамроҳии фарзандонашон анҷом дода мешавад.

Иҷроиши ин ваъдаҳоро Factcheck.tj пайгирӣ мекунад!


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь