Дурӯғ | Воксинаи зидди COVID-19 инсонро безурёт мекунад

Чӣ санҷида шуд?

Дар байни аҳолии кишвар овозаҳое паҳн шуда истодааст, ки гӯиё «воксинагирӣ аз коронавирус инсонро безурёт мекунад». Ин овозаҳо дар ҳоле паҳн мешаванд, ки дар Тоҷикистон баҳри ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID-19 вокзиназании оммавӣ амалӣ шуда истодааст (бойгонӣ). Дар пасманзари паҳни ин овозаҳо бархе аз шаҳрвандон бинобар тарсу ҳарос, аз гирифтани воксин худдорӣ мекунанд. Ин, ки овозаи мазкур мардумро нигарон кардааст, боис гардид, то далелсанҷони мо дурустии онро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Ҳукмнома: Дурӯғ

Овозаҳо дар мавриди «воксинаи зидди COVID-19 инсонро безурёт мекунад» ягон асоси воқеӣ надорад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Зимни санҷиш маълум шуд, ки ин овоза ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 паҳн шудааст ва онро пойгоҳҳои далелсанҷие, чун Рolitifact (бойгонӣ) ва Fullfact (бойгонӣ) мавриди санҷиш қарор дода, аз дурӯғ будани он хабар додаанд.

Дар ин робита, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар сомонаи расмиаш навори 03:44-дақиқагиеро нашр кардааст (бойгонӣ), ки дар он Роҳбари департаменти иммунизатсияи созмони мазкур Кейт О’Брайен овозаҳо дар мавриди безурёт шудани нафарони воксингирифтаро инкор мекунад.

Кейт О’Брайен дар дақиқаи 00:40 дар робита ба ин масъала мегӯяд: «Ваксинаҳое, ки мо истифода мебарем, ба безурётӣ оварда намерасонад. Ин овозаест, ки дар атрофи ваксинаҳои гуногун паҳн шудааст ва ба воқеият дуруст намегирад. Ягон ваксин ба безурётӣ оварда намерасонад».

Скриншот аз сомонаи СҶТ (ВОЗ)

Healthline – як сомонаи тиббӣ ин овозаро «дурӯғ» гуфта (бойгонӣ), навиштааст, ки зиёда аз 100,000 зани ҳомила дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар зидди COVID-19 воксин гирифта буданд.

– Ҳангоми озмоишҳои клиникӣ, якчанд нафар занҳо ҳомиладор шудаанд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки воксин ҳеч таъсире ба безурётӣ надорад», – омадааст дар маводи сомона.

СҶТ дар саҳифаи дигари сомонааш доир ба бехатарии воксин навиштааст (бойгонӣ), ки қабл аз иҷозат ба қабули оммавии воксин зидди COVID-19 он ба таври амиқ аз санҷиш мегузарад ва танҳо дар он сурат ба истифодаи он расман иҷозат мешавад.

Хулоса

Овозаи «воксинаи зидди COVID-19 инсонро безурёт мекунад» ҳам аз ҷониби СҶТ ва ҳам аз ҷониби дигар ниҳодҳои маъруфи соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ беасос арзёбӣ гашта, он ягон асоси илмӣ надорад. Аз ин лиҳоз, санҷиши мо ҳукмномаи «Дурӯғ»-ро гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь