Дурӯғ | Зармина Муҳаммадӣ хабарнигори «Тулуъ» аз дасти Толибон* кушта шуд

Чӣ санҷида шуд?

Сомонаи Pressa.tj – марбут ба нашрияи мустақили «Тоҷикистон», 23-уми августи соли ҷорӣ таҳти унвони «Зармина Муҳаммадӣ хабарнигори «Тулуъ» аз дасти Толибон* кушта шуд» хабареро нашр кард (бойгонӣ).

Иқтибос:

«Соате пеш дар шаҳри Кобул шореҳи сиёсиву иқтисодӣ ва журналисти шинохтаи телевизиони «Тулуъ»-и Афғонистон Зармина Муҳаммадӣ аз ҷониби Толибон* ба қатл расонида шуд…

Зармина Муҳаммадӣ, ки 34 сол дошт, яке аз журналистони маъруфи Афғонистон буд ва дар телевизиони «Тулуъ» барномаи «Хабари тоза»-ро гардонандагӣ мекард. Суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мубоҳисаҳои сиёсиву иқтисодиаш бо коршиносони аршади кишвар тамошобини зиёд дошт…

Ҳанӯз тафсилоти қатли ин журналисти шуҷоъи Афғонистон дар даст нест. Бо расидани иттилоъи тоза шуморо огоҳ хоҳем кард».

Pressa.tj ин хабарро аз қавли як манбааш аз шаҳри Кобули Афғонистон навишта, ном ва мақоми сарчашмаи худро зикр накардааст. Вале баъд аз нашр дар сомонаи Pressa.tj, хабари мазкур ба саҳифаҳои иҷтимоӣ кӯчид ва баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Аз ҷумла, корбари фаъоли Facebook Фаридуни Раҳнавард хабари мазкурро дар саҳифааш ҷой дод ва корбарони дигари ин шабакаи иҷтимоӣ зери пости ӯ «ба қатл»-и рӯзноманигори афғонистонӣ изҳори таслият карданд.

Скриншот аз саҳифаи фейсбукии Фаридун Раҳнавард

Ҳукмнома: Дурӯғ

Дар бораи марги Зармина Муҳаммадӣ на телевизиони «Тулуъ», ки Зармина он ҷо фаъолият дорад, хабар додааст ва на ҳеч расонаи муътабари дигар.

Скриншот аз саҳифаи сомонаи Pressa.tj

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст, саҳифаҳои марбут ба телевизиони «Тулуъ» дар Facebook мавриди санҷиш қарор гирифт. Аммо давоми чанд рӯзи ахир на саҳифаҳои расмии TOLOnews ва Tolo Tv طلوع дар Facebook дар бораи қатли Зармина хабаре нашр накардаанд. Худи Zarmina Mohammadi زرمينه محمدی бори аввал санаи 21-уми август дар саҳифаи расмиаш хабари қатли худро рад кардааст.

«Хабарҳои нашршуда дар мавриди ин ки ман аз сӯи Толибон* террор шудаам, дурӯғ мебошад. Азизони ман, шукри Худо хуб ҳастам».

Ин саҳифа аз сӯи шабакаи иҷтимоии Facebook ба расмият шинохта шуда, «Zarmina Mohammadi زرمينه محمدی»-ро соҳиби расмии саҳифа медонад.

Саҳифаи дигаре бо номи «Хабарҳои оҷил бо Зармина Муҳаммадӣ», ки ба хабарнигори «Тулуъ» рабт дода мешавад, 23-уми август навишт:

«Зинда ҳастам, Алҳамдуллилоҳ.

Дар ин рӯзҳо шойеъаҳои дурӯғе дар бораи террори банда ба нашр расида, ки орӣ аз ҳақиқат буда ва Алҳамдулиллоҳ хуб ва ба саломат ҳастам.

Ба суханони ҳар бебандубор бовар накунед.

Ва сипос аз паёмҳои так-таки шумо, азизон.

Зармина».

Хулоса

Дар натиҷаи далелсанҷӣ хулоса ин шуд, ки хабари сомонаи Pressa.tj воқеӣ набуда, дар асоси овозаҳо навишта шудааст. Саҳифаҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни санҷиш ва дақиқ кардан, хабари мазкурро ба нашр расондаанд (бойгонӣ). Бо назардошти ин ва аз сӯи саҳифаҳои расмии Зармина Муҳаммадӣ рад шудани хабари қатлаш, мо ба ин хабар ҳукмномаи «Дурӯғ»-ро додем.

* «Толибон» – ҷараёни террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь