Дурӯғ | Навори қатли як зан аз ҷониби Толибон* дар Афғонистон

Чӣ санҷида шуд?

Баъд аз он ки Толибон* минтақаҳои калидии аҳолинишинро дар Афғонистон ишғол карданд, дар шабакаи Интернет навори қатли оммавии як зан, ки бино ба хабарҳо, барои либоси номувофиқ кушта мешавад, паҳн шуд.

Ҳукмнома: Дурӯғ

Навори эъдоми оммавии зане бо иттиҳоми хиёнат ба шавҳар аз ҷониби созмони террористии Ал-Қоида* ҳанӯз соли 2015 дар Сурия рух додааст, на дар Афғонистон.

Скриншот аз саҳифаи Facebook

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҷустори Google маълум кард, ки соли 2015 хабаргузории бритониёии Daily Mail дар ин бора матлаберо ба нашр расондааст (бойгонӣ). Дар сарлавҳаи мавод омадааст, ки ин ҳодиса дар Сурия рух дода, зане аз ҷониби Ал-Қоида* бо иттиҳоми хиёнат ба шавҳар эъдом шудааст.

Бино ба иттилои The Independent (бойгонӣ) ва сомонаи Нозирони ҳуқуқи инсон дар Сурия (syriahr.com), ҳодисаи мазкур воқеан ҳам ҳанӯз моҳи январи соли 2015 дар шаҳри Идлиби Сурия рух додааст.

Баъд аз дубора паҳн шудани ин хабар, сомонаи ҳиндуии The Quint низ 18-уми августи соли 2021 таҳти сарлавҳаи «Навори кӯҳна аз Сурия бо номи «Зане, ки дар Афғонистон аз сӯи Толибон* эъдом шуд»» нашр намуд (бойгонӣ).

Хулоса

Санҷиш маълум кард, ки дар навор на қатли зане аз ҷониби Толибон* дар Афғонистон, балки ҳодисае, ки ҳанӯз соли 2015 дар Сурия аз ҷониби созмони террористии Ал-Қоида* рух додааст, нишон дода мешавад. Бинобар таҳриф шудани хабар, ҳукмномаи мо «Дурӯғ» ном мегирад.

* «Толибон» – ҷараёни террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.

* «Ал-Қоида» – созмони террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь