Фейк | Тӯҳфаи молии Viber ба корбарон ба муносибати ид (паём)

Чӣ санҷида шуд?

Чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли паёмаке аз мо хоҳиш намуданд, ки дурустии онро бисанҷем.

Дар паёмак гуфта мешавад, ки гӯиё ширкати Viber ба муносибати иде (маълум нест, кадом ид аст) иқдоми бурди тӯҳфаҳоро ба роҳ мондааст. Дар он зане гӯиё таъкид кардааст, ки ӯ дар ин иқдом иштирок ва бурд кардааст.

Скриншоти паёмак аз Viber

Дар матни паёмак пайванде ҷой дода шудааст (бойгонӣ), ки аз корбар барои бурди он, ворид шудан ба пайванди мазурро тақозо мекунад.

Ҳукмнома: Фейк

Ин паёмаки фейкие аст, ки бо мақсади ба даст овардани маълумоти корти бонкии корбарон ва маблағҳои онҳо паҳн карда шудааст.

Скриншот аз саҳифаи пайванде, ки дар Viber ҳамчун бурди тӯҳфаҳо ҷой дода шудааст

Чӣ гуна санҷида шуд?

Мо ба хотири таҷриба болои пайванди мазкур нохун задем, аммо шумо ин амалро такрор накунед!

Ҳангоми нохун задан ба пайванд, саҳифае кушода мешавад, ки ба ширкати Viber аслан робита надорад. Вақте ба пайванди мазкур ворид мешавед, нахуст аз корбар ному насаб, сипас 3 имконият барои бурд кардан ва қабл аз ба даст овардани тӯҳфа, ворид кардани маълумоти бонкии шумо талаб карда мешавад.

Баъд аз ворид кардани маълумоти бонкӣ, аз корбар хоҳиш мешавад, ки барои анҷоми амалиёти маблағҳои бурдкардааш ба суратҳисоби номаълуме маблағ интиқол диҳад. Вале шумо ҳаргиз ин корро накунед! Зеро, ин як пайванди фишингие аст, ки бо ҳадафи ба даст овардани маълумоти бонкии корбарон ва азхудкунии маблағ аз суратҳисоби онҳо паҳн карда шудааст.

Дигар ин ки доир ба иқдоми мазкур дар сомонаи расмии ширкати Viber ягон матлаб нашр нашудааст. Агар ширкат тасмими гузаронидани иқдоми бурди тӯҳфаҳоро ба муносибати ин ё он ҷашне медошт, ҳатман дар саҳифаи расмиаш онро нашр мекард.

Мисол, аз рӯи таҷриба ширкати Viber ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 бахшида ба 9-солагии фаъолияташ ва моҳи декабри соли 2020 ба муносибати 10-умин солгарди фаъолияти худ маҳз дар саҳифаи расмиаш дар бораи иқдомҳои бурдноки ширкат матлаберо нашр намудааст.

Лекин тавре дар боло зикр кардем, паёмаки мавриди санҷиши мо дар саҳифаи расмии ширкати Viber мавҷуд нест.

Хулоса

Паёмаки мазкур ҳаргиз қобили боварӣ нест. Тавре санҷиш муайян кард, ба он бовар карда, ворид шудан, барои корбар хатарнок аст. Аз ин рӯ, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк» мегирад.


1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь