Дурӯғ | Байден лотереяи «Green Card» барои тоҷикистониёнро бекор мекунад

Чӣ санҷида шуд?

14-уми октябри соли равон сомонаи Hamsinf хабареро таҳти унвони «Байден лотереяи «Green Card» барои тоҷикистониёнро бекор мекунад» нашр кардааст (бойгонӣ). Дар матлаб омадааст, ки гӯиё Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден барои тоҷикистониён иштирок дар лотереяи «Green Card» ё ба истилоҳ «Корти сабз»-ро бекор хоҳад кард. Коршиносон ин амали Ҷо Байденро ба ёддошти эътирозии ахири Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рабт медиҳанд (бойгонӣ).

Ин мавод дар ҳоле паҳн шудааст, ки сар аз 6-уми октябри соли 2021 (ба вақти Амрико) бақайдргирӣ барои иштирок дар лотереяи Green Card барои соли 2023 оғоз шуд. Ҳамасола аз Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафар бо умеди бурд ва сафар ба Амрико худро номнавис мекунанд.

Ҳукмнома: Дурӯғ

Санҷиши мо исбот намуд, ки ин хабар ягон асос надорад. Бо вуҷуди он ки сомонаи Hamsinf дар такя ба Хонаи Сафед хабар додааст, аммо ин манбаъ дар ин бора чизе нанавиштааст.

Скриншот аз саҳифаи сомонаи Hamsinf

Чӣ гуна санҷида шуд?

Сомонаи Hamsinf дар матлаби худ ба «Хонаи Сафед» (The White House) – Қароргоҳи расмӣ дар Вашингтон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ишора кардааст, ки зимни ҷустуҷӯ маълум шуд, ки дар ин бора манбаи мазкур ҳеч хабаре нашр накардааст.

Сипас, бо низомномаи «Green Card» барои соли 2023, ки аз ҷониби Департаменти давлатии Амрико тасдиқ шудааст, шинос гаштем. Дар низомномаи имсолаи «Green Card» омадааст, ки танҳо шаҳрвандони ин давлатҳо наметавонанд, дар лотереяи мазкур иштирок кунанд:

«Бангладеш, Брозил, Канада, Чин (бо шумули Ҳонконг), Колумбия, Ҷумҳурии Доминикан, Салвадор, Ҳаити, Ҳондурас, Ҳиндустон, Ямайка, Мексика, Нигерия, Покистон, Филиппин, Куриёи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир (ба истиснои Ирландияи Шимолӣ) ва қаламравҳои вобастаи он, Венесуэла ва Ветнам».

Яъне, тавре мушоҳида кардед, дар ин рӯйхат номи Тоҷикистон зикр нашудааст.

Инчунин, мо саҳифаи расмии Ҷо Байденро дар Twitter низ аз назар гузаронидем. Дар саҳифаи Раисҷумҳури ИМА дар робита ба он хабаре, ки сомонаи Hamsinf нашр кардааст, ҳеч паёме нест.

Хулоса

Хабари сомонаи Hamsinf дар бораи бекоркунии иштироки тоҷикистониён дар лотереяи «Green Card» аз ҷониби Ҷо Байден ягон асоси воқеӣ надорад. Бинобар ин, ҳукмномаи мо хулосаи «Дурӯғ»-ро гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь