Чӣ санҷида шуд?
Тайи чанд вақти ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан дар Facebook пайванде миёни корбарон давр мезанад, ки дар он аз бурди мошини Toyota Corolla гӯиё ба хотири ҷамъбасти бомуваффақонаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 хабар медиҳад (бойгонӣ). Ҳангоми пахш кардани пайванд дар он гуфта мешавад, ки гӯиё тариқи пур кардани саволнома ё анкета шумо имконият пайдо мекунед, соҳиби Toyota Corolla шавед. Сипас, саволномаеро пешниҳод мекунад, ки бояд он аз ҷониби корбар пур карда шавад. Вақте саволномаро пурра гузаштед, «шумо соҳиби Toyota Corolla шудед!» гуфта, табрик менамояд ва ишора мекунад, ки дар муддати 7-8 соат онро ба шумо оварда мерасонанд.
Азбаски ин пайванд хеле оммавӣ гашт ва боиси шубҳаву баҳси корбарони Facebook шуд, тасмим гирифтем, маводи мазкурро мавриди санҷиш қарор диҳем (бойгонӣ).
Ҳукмнома: Фейк
Аслан, дар пайванде, ки аз бурди мошини Toyota Corolla ҳарф меравад, ҳеч рабте ба ширкати Toyota ва ё Бозиҳои олимпии Токио-2020 надорад ва ин як пайванди сохтаи фишингие аст, ки ворид шудан ба он барои корбар хатарнок маҳсуб мешавад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Ҳангоми ба пайванд ворид шудан, нахуст чунин матнро дидан мумкин аст:
«Табрикот! Toyota бомуваффақият анҷом ёфтани Олимпиадаи Токиоро ҷашн мегирад. Тавассути саволнома шумо имконият пайдо мекунед, ки соҳиби Toyota Corolla шавед».
Дигар ин ки вақте вориди пайванди мазкур мешавед, ҷустори Google аз хатарнок ва вирусӣ будани ин сомона хабар медиҳад. Ҳангоми ба суолҳо ҷавоб додан, боз метавонед, чанд маротибаи дигар соҳиби Toyota Corolla шавед. Инчунин, зери саволнома шарҳҳоеро аз корбарон дидан мумкин аст, ки дар он аз бурди мошин ҳарф мезананд. Вале ҳангоми пахш кардан, зери он касе шарҳ монда наметавонад.
Ҳамзамон, натиҷаҳои ҷустуҷӯ дар Google нишон доданд, ки ин пайванд пеш аз он ки байни корбарони сигменти тоҷикии платформаҳои гуногуни интернетӣ паҳн шавад, бо забонҳои дигари дунё низ паҳн шудааст ва чанд пойгоҳҳои далелсанҷӣ бофта будани онро исбот кардаанд. Аз ҷумла, расонаҳое чун 211Check (бойгонӣ), Brunchvirals (бойгонӣ) ва сомонаи StopFake (бойгонӣ)-и Қазоқистон аз фейк будани ин пайвандҳо хабар додаанд.
Хулоса
Санҷиши мо маълум кард, ки пайванди бурди мошини Toyota Corolla воқеъият надорад ва он навъе аз фишингҳои интернетие аст, ки қаллобон паҳн кардаанд. Бинобар ин, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк» мегирад.