Чӣ санҷида шуд?
Тавассути шабакаи иҷтимоии Facebook хабаре таҳти сарлавҳаи «ВКД Русия: Ҳудуди 3 млн тоҷик дар Русияанд» паҳн шудааст (бойгонӣ). Ҳарчанд дар сарлавҳа шумораи тоҷикони дар Русиябуда ҳудуди 3 миллион гуфта мешавад, вале дар матни мавод 2 миллиону 25 ҳазору 712 нафар зикр ёфтааст.
Ҳукмнома: Бе ҳукмнома
Шумораи умумии тоҷикистониёне, ки давоми нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ ба Русия рафтаанд, тибқи маълумоти ВКД Русия, 2 миллиону 25 ҳазору 712 нафар аст ва инро наздики 3 миллион гуфтан чандон дуруст нест.