Далелсанҷӣ | Акси гузоштаи Parviz TV то куҷо ба куштори Эмомалӣ Давлатов рабт дорад?

Чӣ санҷида шуд?

26-уми январи соли равон, гурӯҳи фейсбукии Parviz TV аксеро нашр кардааст (бойгонӣ), ки гӯиё он ба ронандаи тоҷик Эмомалӣ Давлатов, ки 23-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ҷониби афроди номаълум ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуд, рабт дорад.

Иқтибос:

«Ба гуфти шоҳидон, ин ҳамон лаҳзае мебошад, ки ба гардани таксирони тоҷик Эмомалӣ Давлатов бо корд мезананд. Хотиррасон менамоем, ки Эмомалӣ Давлатов якчанд рӯз пеш дар Санкт-Петербург ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо, сабаби куштор тақрибан 1000 рубл пули роҳкиро будааст».

Ҳукмнома: Дурӯғ

Аксе, ки дар саҳифаи фейсбукии Parviz TV гузошта шудааст, он ба қатли Эмомалӣ Давлатов, ронандаи тоҷик дар Русия рабте надорад (бойгонӣ). Он ба ҳодисаи дигаре, ки миёни ронандаву мусофир дар Русия рух додааст, алоқаманд аст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҷустори Google муайян кард, ки акси мазкур ба ҳодисаи дигаре, ки ҳанӯз 23-уми феврали соли 2020 дар шаҳри Саратови Федератсияи Русия рух додааст, рабт дорад (бойгонӣ). Ҳамзамон, навори ин ҳодиса, ки дар Интернет давр мезанад, дида мешавад, ки моҷаро миёни ронанда ва мусофир ба хотири надоштани креслои кӯдакона сар мезанад. Ронанда бе кресло бурдани тифлро рад мекунад, ки дар натиҷа, мусофир сари ронанда даст боло мекунад ва айнакҳои ӯро мешиканад (бойгонӣ).

Хулоса

Гарчанде ҳодисаи Эмомалӣ Давлатов воқеият дорад, вале акси нашрнамудаи Parviz TV ба қазияи ронандаи тоҷик дар Русия, ягон алоқамандӣ надорад ва он дар шакли таҳриф пешкаш шудааст. Аз ин хотир, санҷиши мо ҳукмномаи «Дурӯғ»-ро мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь