Ҳақиқат | Ҳар рӯз беш аз 400 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро мегиранд

Чӣ санҷида шуд?

«Ҳар рӯз беш аз 400 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро мегиранд», – бо чунин сарлавҳа хабаргузории «ASIA-Plus» маводе нашр кардааст (бойгонӣ). Дар маводи мазкур, ки рӯзи 26-уми июли соли равон дар сомонааш ҷой додааст, гуфта мешавад, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 74 ҳазору 162 нафар тоҷикистониён шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.

Иқтибос:

«Ин омор дар як шабонарӯз ҳудуди 410 нафарро ташкил медиҳад».

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Дарвоқеъ, бино ба оморе, ки бахши муҳоҷирати ВКД Русия нашр кардааст, ҳамарӯза ҳудуди 410 нафар шаҳвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунанд.

Скриншот аз сомонаи «ASIA-Plus»

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст, мо рақамҳои дар хабар овардашударо аз сомонаи Вазорати корҳои дохилии Русия ҷустуҷӯ намудем. Дар ҳақиқат, 20-уми июли соли ҷорӣ дар бахши «Маълумоти оморӣ оид ба вазъи муҳоҷират» ҳисобот оид ба «Нишондиҳандаҳои интихобшудаи вазъи муҳоҷират дар Федератсияи Русия дар моҳҳои январ – июни соли 2022 бо тақсимот аз рӯи кишварҳо ва минтақаҳо»-ро нашр намудааст (бойгонӣ). Тибқи омори мазкур, дар зарфи шаш моҳи аввали соли 2022, ба 74 ҳазору 162 нафар тоҷикистониён шаҳрвандии Русия дода шудааст. Яъне, мувофиқи ҳисобҳо, давоми 181 рӯзи соли равон (январ – июн) ба ҳисоби миёна ҳамарӯза ҳудуди 410 нафар шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Скриншот аз сомонаи ВКД-и Федератсияи Русия

Мутобиқи рақамҳое, ки дар ин омор нишон дода шудааст, тоҷикистониён баъд аз шаҳрвандони кишвари Укроин аз ҳама бештар шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Мо воқеияти ин хабарро аз манобеи бози ҷониби Тоҷикистон мутаассифона пайдо карда натавонистем. Аз ин лиҳоз, ягон манбаъ дар ҳоли ҳозир Вазорати корҳои дохилии Русия маҳсуб мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба оморҳо, шумораи тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русияро гирифта истодаанд, сол то сол меафзоянд. Масалан, танҳо дар соли 2019 наздики 45 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд.

Хулоса

Хабари «ASIA-Plus» дар мавриди ҳар рӯз шаҳрвандии Русияро гирифтани беш аз 400 зодаи Тоҷикистон «Ҳақиқат» аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь