Фейк | Hyundai Auto Tajikistan ба 50 нафар мошин тӯҳфа мекунад

Чӣ санҷида шуд?

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook тавассути саҳифаи «Hyundai Auto Tajikistan» таблиғоте дар чархиш аст (бойгонӣ), ки гӯиё бо анҷоми чанд амали одӣ корбарон метавонанд, соҳиби мошинҳои нав бишаванд. Таблиғоти мазкур дар чанд гурӯҳҳои дигари фейсбукӣ низ васеъ паҳн шудааст, ки онро аз ин ҷо (бойгонӣ) ва аз ин ҷо (бойгонӣ) хонда метавонед.

Иқтибос:

«Махсуси имрузаи мо аз тамоми кормандони идораи Hyundai Auto Tajikistan.

Ҷоизаҳоро дар шакли мошин ба 50 нафаре, ки тасодуфан интихоб шудаанд, рӯзи дигар медиҳад.

Қуттии тӯҳфаеро, ки мехоҳед дар қуттӣ бо тӯҳфаи мошин барои шумо ройгон интихоб кунед, ин фурсатро аз даст надиҳед».

Инчунин, дар яке аз ин паёмҳо, ки дар он акси шаҳрдори Душанбе – Рустами Эмомалӣ, гузошта шудааст, таъкид мешавад (бойгонӣ):

«* Имрӯз Hyundai auto tajikistan бо як бозӣ барои ҳамаи шумо бармегардад. Ман 1 мошини нави ройгон ва имкони бештареро барои 150 нафари аввал барои ёфтани рақами ғайр аз {555} дар тасвири зер қадр мекунам! *».

Афроди зиёде ба ин таблиғот бовар карда, дар шарҳҳо талош кардаанд, ки рақамҳои дар тасвирбударо пайдо кунанд. Ба ин монанд, дар саҳфаи мазкур паёмҳои зиёде ҳастанд, ки ба корбарон ваъдаи бурди мошинҳоро медиҳанд.

Ҳукмнома: Фейк

Санҷиш нишон дод, ки ин саҳифа сохта ё фейкӣ буда, ба «Hyundai Auto Tajikistan» ҳеч иртиботе надорад.

Скриншот аз саҳифаи фейкии Hyundai Auto Tajikistan

Чӣ гуна санҷида шуд?

Аввалин нукта, ки бояд ба он таваҷҷуҳ кард, дар бахши «Маълумот»саҳифаи «Hyundai Auto Tajikistan» ҳеч иттилое дида намешавад, яъне на суроға, на рақами телефон ва на почтаи электронии он. Дар ҳоле ки тамоми ширкатҳои маъруф дар саҳфаҳои расмии хеш маълумоти заруриро нашр мекунанд. Гузашта аз ин, саҳифаи мазкур 17-уми июли соли 2022 сохта шудааст.

Скриншот аз саҳифаи фейкии Hyundai Auto Tajikistan

Ба фарқ аз ин саҳифаи фейкӣ, дар саҳфаи аслии «Hyundai Auto Tajikistan» (бойгонӣ) тамоми маълумоти лозим дар бораи ширкат, аз ҷумла суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ ва сомонаи он дарҷ шудааст. Ҳатто дар саҳифаи аслии ширкат, ки 29-уми январи соли 2014 боз шудааст, борҳо таъкид гаштааст (бойгонӣ), ки ба фиреби қаллобон дода нашаванд: бори аввал, санаи 23-уми июл (ду паём) ва бори дуюм, санаи 28-уми июл (бойгонӣ).

Дар паёми охир бо гузоштани акси саҳфаи қалбакӣ аз ҷумла гуфта мешавад: «Дорогие друзья, мы напоминаем, что не имеем никакого отношения к данному розыгрышу. Никаких акций и розыгрышей в данный момент мы не производим. Не распространяйте данные публикации и не переходите по ссылкам» («Дӯстони гиромӣ, ёдовар мешавем, ки ба ин бурди туҳфаҳо ҳеч рабте надорем. Дар ҳоли ҳозир ҳеч иқдом ё бурди туҳфаҳоеро баргузор намекунем. Ин матлабҳоро мубодила накунед ва бо пайвандҳои овардашуда ворид нашавед»).

Дар зери ҳар паём, ки дар саҳифаи мазкур нашр мешавад, пайванди сомонаҳои мухталиф гузошта шудааст, ки аз корбарон даъват мешавад, то дар он ҷо сабти ном кунанд. Ин сомона аз шумо суроғаи электронӣ ва рақами телефонро талаб мекунад, ки ба ҳеч ваҷҳ ба ин пайвандҳо нохун назанед ва маълумоти шахсии худро ворид накунед, то «қурбон»-и қаллобон нашавед.

Скриншот аз саҳифаи аслии Hyundai Auto Tajikistan

Хулоса

Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки «Hyundai Auto Tajikistan» дар ин шабу рӯз ягон иқдом ё бурди туҳфаҳо доир намекунад ва саҳфае, ки чунин бурди туҳфаҳоро таблиғ мекунад, тақаллубӣ мебошад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь