Чӣ санҷида шуд?
Оҷонсии хабарии SputnikTj рӯзи 11 август матлаберо таҳти унвони «Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш *трибунали байналмиллалии ҷангҷӯёни Азов-ро дастгирӣ мекунад» нашр кардааст (бойгонӣ). «Пушилин: идеяи трибунали байналхалқии азовиҳоро котиби генералии СММ ҷонибдорӣ мекунад». Дар мавод гуфта мешавад, ки гӯё санаи 28-29 уми июл қувваҳои ҳарбии Украина боздоштгоҳи муваққатӣ дар Еленовкаи наздикиҳои Донетск, ки онҷо ҷангҷӯёни асирафтодаи ба таъкиди Русия «миллатгароӣ Азов» нигоҳ дошта мешуданд, бо системаи ракетаи ҳавоии амрикоии РСЗО HIMARS мавриди зарба қарор медиҳанд. Бар асари ин зарбаи нерӯҳои ҳарбии Украина 53 нафар фавтида 70 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳукумати ҶХД хостори ба трибунали байналмилалии кашидани ин ҳодиса шудааст ва изҳор доштааст, ки барои трибунали байналмилалӣ таҳқиқ шудани ин ҳодиса омодагӣ дида истодаанд. Роҳбари ҶХД Денис Пушилин зимни брифинг ба хабарнигорон изҳор доштааст, ки гӯиё «идеяи баргузории додгоҳи байналмилалӣ аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дастгирӣ мешавад».
Ин ки то куҷо Котиби Генералии СММ пешниҳоди ба трибунали байналмилалӣ кашидани ин ҳодисаро дастгирӣ кардааст, шубҳаҳоеро ба миён овард ва ин лиҳоз мо ин нуктаро мавриди санҷиш қарор додем.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Ягон далели собит дар мавриди он ки бо талаби ҶХД идеяи баргузории додгоҳи байналмилалӣ аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дастгирӣ мешавад, пайдо нест. Аз ин лиҳоз ин мавод беасос аст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Мо сомонаи расмии СММ ҷустуҷӯ намудем, то муайян созем, ки оё дарвоқеъ дабири кулли СММ Антониу Гутерришба трибунали байналмилалии кашидани ҳодисаи санаи 28-29 уми июл дар Еленовкаи наздикиҳои Донетскро дастгирӣ кардааст ё мекунад. Вале дар сомонаи ин ниҳод ягон матлаб дар мавриди ин далел пайдо накардем. Дар саҳифаи Twitter-и СММ низ дар бораи ин ҳодиса ва аз ҷониби Дабири Кулли ин Созмон дастгирӣ ёфтани талошҳои ҶХД барои дар трибунали байналмилалӣ таҳқиқ шудани қазияи зарбаи нерӯҳои ҳарбӣ ба боздоштгоҳи муваққатӣ дар Еленовка чизе нашр нашудааст.
Дар саҳифаи Twitter-и худи Антониу Гутерриш то ба санаи 17 август ягон твит ё матлаб роҷеъ ба ин қазия нашр нашудааст.
Дар ҳоле, ки SputnikTj дар бораи ҷонибдории раҳбарияти СММ аз талоши мақомоти ҶХД барои ба трибунали ҳарбӣ кашидани қазияи зарба ба боздоштгоҳи муваққатӣ дар Еленовка хабар медиҳад, аммо аз аввали ин амалиёт СММ ин амали Росияро таҷовуз алайҳи Украина ва нақзи тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Украина арзёбӣ кардааст (бойгонӣ).
Ҳанӯз рӯзи 4 март Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро (бойгонӣ) ба тасвиб расонд, ки дар он хостори хуруҷи «ба зудӣ ва санҷидашавандаи» нирӯҳои Русия ва гурӯҳҳои мусаллаҳи таҳти ҳимояти Русия аз тамоми манотиқи Украина шуд. Дар пайи идомаи амалиёти Русия Шӯрои ҳуқуқи башари СММ тасмим гирифт, ки комиссияи мустақили байнулмилалӣ барои таҳқиқи таҷовузи Русия алайҳи Украина таъсис диҳад (бойгонӣ).
Додгоҳи байнулмилалии ҳам Русияро муваззаф кард, ки амалиёти ҷангӣ дар Украинаро фавран қатъ кунад.
Рӯзи 7 апрел Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро ба тасвиб расонд (бойгонӣ), ки дар он хостори хориҷ шудани Русия аз Шӯрои ҳуқуқи башар шуд. Қатънома дар Маҷмаъи 193-нафара аз се ду ҳиссаи бештари раъйи бетараф ба даст оварда, 93 кишвар ба ҷонибдорӣ ва 24 кишвар мухолиф овоз доданд.
Хулоса
Дар ҳоле ки SputnikTj бобати аз ҷониби Котиби Генералии СММ дастгирӣ ёфтани идеяи трибунали байналхалқии азовиҳо хабар додааст, ягон далели тасдиқкунандаи ин хабарро пешниҳод накардааст.
*Трибунали байналмилалӣ – ниҳодест, ки барои муҳокимаи ашхоси муттаҳам дар содир кардани ҷиноятҳои байналмилалӣ таъсис ёфтааст. Трибунал доимӣ фаъолият намекунад, барои баррасии парвандаҳое, ки аломатҳои умумӣ доранд (масалан, ҷиноятҳои дар ҳудуди муайян содиршуда) таъсис дода мешавад. Дар ҳолати содир шудани ҷиноятҳо, ки характери оммавӣ гиранду, давлате, ки онҷо ҷиноят содир шудааст, тавони ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро надорад, ин ниҳод таъсис дода мешавад. Барои таъсиси трибунал шартномаи байналмилалӣ ё резолютсияи Шӯрои амнияти СММ лозим аст.