Сомонаи Factcheck.kg бо истифода аз акси кӯҳна хонандаро раҳгум мезанад

Чӣ санҷида шуд?

Пойгоҳи далелсанҷии Factcheck.kg бо нашри аксе навиштааст (бойгонӣ), ки «Рӯзноманигорон тавассути моҳвораи NASA исбот карданд, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳамла кардааст». Пойгоҳи далелсанҷӣ ин хабарро ҳатто дар саҳифаи инстаграмии худ низ нашр намудааст (бойгонӣ).

Акси дар мавод истифодашуда бидуни ишора ба манбаъ, бори аввал кай ва дар куҷо нашр шудааст, пешкаши хонандагон гардидааст. Аммо ин акс то куҷо ба муноқишаҳои марзии 14-17-уми сентябри соли равон тааллуқ дорад, мавриди санҷиш қарор гирифт.

Ҳукмнома: Дурӯғ бо унсурҳои дасткорӣ

Пойгоҳи далелсанҷии Factcheck.kg дар маводи мазкур аксеро истифода кардааст, ки ба низои марзии ахир (14-17-уми сентябр) дахл надошта, он баргирифта аз муноқишаҳои марзии моҳи апрели соли 2021 аст.

Скриншот аз саҳифаи пойгоҳи далелсанҷии Factcheck.tj

Чӣ гуна санҷида шуд?

Системаи ҷустуҷӯии TinEye нишон дод, ки акси мазкур ҳанӯз аввали моҳи майи соли 2021 дар Интернет паҳн шудааст.

Хабаргузории РБК ин аксро 2-уми майи соли 2021 нашр карда (бойгонӣ), зери он чунин навишааст: «Биноҳои тахрибшуда дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон дар наздикии марзи Тоҷикистон».

Маълум мешавад, ки акси мазкур кӯҳна буда, ба ҳодисаҳои марзии 14-17-уми сентябр алоқамандие надорад.

Хулоса

Санҷиш муайян кард, ки акси истифоданамудаи пойгоҳи далелсанҷии Factcheck.kg аз низоъҳои пешин аст. Ҳарчанд акси мазкур ба ҳодисаҳои марзии моҳи апрели соли гузашта рабт дошта бошад ҳам, аммо ин маънои онро надорад, ки дар замони рухдоди ҳодисаҳои марзии нав расонаҳо бо истифода аз акси кӯҳна ва бидуни ишора ба манбаъ ва замону макони акс хонандаро раҳгум занонад. Бинобар ин, санҷиши мо ҳукмномаи «Дурӯғ бо унсурҳои дасткорӣ»-ро гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь