Чӣ санҷида шуд?
2-уми январи соли равон дар шабакаи иҷтимоии Facebook акси ҳунармандони шинохта Брюс Ли ва Жан-Клод Ван Дамм паҳн шудааст (бойгонӣ), ки ҳар ду нафар дасти якдигарро фишурда истодаанд.
Азбаски акси мазкур таваҷҷуҳи корбаронро ба худ ҷалб намуда, баҳсҳои зиёдеро дар шабакаи иҷтимоӣ ба бор овард, чанде аз далелсанҷони ҷавони мо тасмим гирифтанд, ки дурустии онро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Ҳукмнома: Фейк
Санҷиш маълум кард, ки акси мазкур аз ҳақиқат дур мебошад, чун синну соли онҳо дар ин акс ба ҳам мутобиқат намекунанд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Ҷустуҷӯи мо тавассути ҷустори Google ва TinEye нишон дод, ки акси мазкур сохта буда, ягон асоси воқеӣ надорад.
Аввал ин ки дар акси аслӣ ҳунарманди номӣ Брюс Ли танҳо худаш буда (бойгонӣ), он дар дохили биное гирифта шудааст. Ин аксро ҳатто ҳангоми ворид шудан ба сомонаи расмии Брюс Ли дидан мумкин аст, ки он ҷо ба таври слайд-шоу дар қатори дигар аксу наворҳои ин ҳунарманд нусхаи аслиаш ҷой дода шудааст.
Дигар ин ки Брюс Ли 27-уми ноябри соли 1940 таваллуд шуда, 20-уми июли соли 1973 аз дунё даргузаштааст (бойгонӣ). Жан-Клод Ван Дамм, ки ҳанӯз 18-уми октябри соли 1960 тавлид шудааст (бойгонӣ), ҳангоми вафоти Брюс Ли ҳамагӣ 12 сол дошт.
Хулоса
Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки акси мазкур сохта буда, Брюс Ли ва Жан-Клод Ван Дамм якҷоя акс нагирифтаанд. Акси мазкур бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи корбарони шабакаи иҷтимоӣ сохта ва паҳн карда шудааст.
Икромҷон АБДУЛХАЙРОВ
Маҳастӣ СОЛИЕВА
Шоҳина ҚОБИЛОВА
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.