Фейк | Тӯҳфаи 50 ГБ интернети ройгон (паём)

Чӣ санҷида шуд?

Чанде пеш тавассути мессенҷерҳо паёмаке паҳн гашт, ки тибқи он, гӯиё дар арафаи Соли Нави 2023 «50 ГБ интернети ройгон дода мешавад». Вале дар паёмак маълум нест, ки интернети ройгон аз тарафи кадом ширкат ва бо кадом мақсад дода мешавад.

Азбаски паёмаки мазкур бо вуҷуди шубҳабарангез будан, ҳамоно миёни корбарон дар мессенҷерҳо ба таври васеъ паҳн гаштааст, чанде аз далелсанҷони ҷавони мо дурустии онро санҷиданд.

Ҳукмнома: Фейк

Паёмак бобати туҳфаи интернетӣ дар ҳаҷми 50 ГБ ба муносибати Соли Нав, ки корбаронро ба сомонаи фишингӣ таҳрик медиҳад, воқеият надорад ва як навъи қаллобии интернетӣ аст.

Скриншоти фиристодаи як корбари Telegram

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҳангоми пахш кардани пайванде, ки дар матлаби мазкур бо номи whatsapp.com оварда шудааст, корбарро ба сомонаи номаълуме равона мекунад, ки ҳеч робитае бо сомонаи расмии WhatsApp надорад. Дар матлаби сомонаи номаълум омадааст, ки гӯиё ин иқдом ба муносибати 10-умин солгарди WhatsApp аст. Вале аслан чунин нест, зеро далели қалбакӣ будани паёмак худи суроғаи ин пайванд аст, ки бо socialine-j.xyz оғоз мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи WhatsApp, ҳамаи паёмҳои расмии ширкат танҳо дар саҳифаашон нашр мешаванд (бойгонӣ), ки суроғаи аслии он бо whatsapp.com оғоз мегардад.

Ҷустуҷӯйҳои мо низ маълум намуданд, ки қаблан чунин паёмакҳо бо забонҳои англисию русӣ дар мессенҷерҳо ба таври васеъ паҳн гаштаанд ва аз бофтаву сохта будани ин паёмак пойгоҳҳои далелсанҷӣ хабар додаанд (ин ҷо, ин ҷо, ин ҷо, ин ҷо ва ин ҷо).

Дар робита ба ин, сомонаи Factcheck.tj борҳо доир ба бозиҳои бурдноки онлайнӣ, иқдом (аксия)-ҳои гуногуну бенатиҷа ва хатарҳои он огоҳ карда буд.

Хулоса

Санҷиши мо маълум кард, ки «Фейк» будани паёмаки мазкур ҳанӯз дар соли 2020 миёни корбарони шабакаҳои англисзабон маъмулу машҳур буд. Онро далелсанҷон собит карда, хабар доданд, ки ширкат чунин иқдомҳоро эълон накардааст ва пешниҳоди интернети ройгон кори дасти қаллобон аст.

Исроилҷон ШАМСИДДИНОВ

Собира АБДУРАҲИМОВА

Абдумалик ҲАСАНОВ


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь