Дурӯғ | Аргентина мехоҳад, бо акси Мессӣ пули коғазӣ барорад

Чӣ санҷида шуд?

Баъд аз пирӯзии дастаи мунтахаби Аргентина дар Ҷоми Ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар расонаҳои дохилии Тоҷикистон ва хориҷа иттилооте паҳн шуд (бойгонӣ), ки гӯиё Бонки марказии Аргентина имкони баровардани пулҳои коғазӣ бо акси капитани тими миллӣ Лионел Мессиро баррасӣ мекунад.

Расонаҳое, ки маводи мазкурро паҳн кардаанд, ба хабаргузории El Financiero ишора кардаанд. Аммо то куҷо тасмими баровардани ин намуд асъор бо акси футболбози номӣ Лионел Мессӣ воқеият дорад, чанде аз далелсанҷони ҷавони мо дар маводи зер муайян карданд.

Ҳукмнома: Дурӯғ

Скриншот аз саҳифаи инстаграмии ОИ «Азия-Плюс»

Хатоии расонаҳо ҳангоми бознашри хабари El Financiero дар он аст, ки нуктаи «шӯхӣ» дар хабаргузориҳо умуман зикр нашудааст ва бархе аз онҳо ин маълумотро ҳамчун як рӯйдоди ба нақша гирифташуда пешниҳод намудаанд. Бинобар ин, маълумоти мазкур «Дурӯғе» беш нест.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст, ба матлаби El Financiero (бойгонӣ), ки манбаи аслии ин хабар мебошад, аҳамият диҳем, гуфта мешавад, намояндагони бонкҳо ба таври шӯхӣ пешниҳод кардаанд, ки акси Мессиро дар пули 1000 песо мебароранд. «Ва пеш аз он ки шумо ба таври дигар фикр кунед, ин гузина аз ҷониби аъзои Бонки марказии Аргентина чун «шӯхӣ» пешниҳод шудааст».

Дигар ин ки дар сомонаи расмии Бонки марказии Аргентина дар ин бора чизе нашр нашудааст.

Акси Мессӣ, ки дар рӯи 1000 песои аргентинӣ дар расонаҳои хабарӣ паҳн шудааст, сохташуда мебошад. Зеро, бо истифода аз абзори TinEye, манбаи аслии тасвир муайян шуд, ки тамоман дигар аст.

Скриншоти пули аслии коғазии Аргентина – 1000 песо (аз чап) ва пули коғазии сохташуда бо акси Мессӣ тавассути Photoshop (аз рост)

Қаблан низ вақте дар соли 1978 тими миллии футболи Аргентина бори аввал қаҳрамони ҷаҳон шуда буд, Бонки марказии ин кишвар ба хотири пирӯзӣ ду намуд силсилаи махсуси тангаҳои мису нуқра баровард (бойгонӣ).

Ҳамчунин, ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки дар пайи расонаишавии хабари мазкур чанде аз пойгоҳҳои далелсанҷӣ – The quint, Factly, Factcheck.kz, дурӯғ будани ин хабарро исбот кардаанд.

Хулоса

Таҳқиқ нишон медиҳад, ки бо акси капитани дастаи мунтахаби Аргентина Лионел Мессӣ ба муомилот баровардани 1000 песои аргентинӣ ба ҳақиқат рост намеояд.

P.S. Лионел Мессӣ кист, дар навори зер тамошо кунед:

Муҳаммадамин КАРИМОВ

Амирҳамза УСМОНОВ

Шукрона ДОВИДОВА


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь