Фейк | Заминҷунбии 7,2 бал дар Тоҷикистон (навор)

Чӣ санҷида шуд?

Расонаи қирғизии News.kg дар саҳифааш дар Instagram рӯзи 23 феврал хабареро таҳти сарлавҳаи «Дар Тоҷикистон заминҷунбии сахти шиддаташ 7.2 бал рух дод» нашр кардааст (бойгонӣ). Дар хабар наворе ҷой дода шудааст, ки дар он ҳолати дар дохили толоре ба таҳлука афтода гурехтани одамон, сабт шудааст. Дар мавод гуфта шудааст, ки гӯё тибқи иттилои маркази сейсмологии Чин дар Тоҷикистон заминларза ба шиддати 7,2 бал рух дод. Маркази он дар умқи даҳ километр ва маркази заминларза тақрибан 82 километр аз марз бо Чин будааст.

Ин хабарро сомонаҳои дигаре чун Тengrinews.kz ҳам нашр кардаанд (бойгонӣ).

Ин ки то куҷо навори мазкур ба Тоҷикистон дахл дорад ва оё аслан дар Тоҷикистон заминҷунбӣ бо шиддати 7.2 бал рух додааст, дар ин мавод хоҳем санҷид.

Ҳукмнома: Фейк

Навори мазкур, ки дар расонаҳо паҳн шудааст, ба заминҷунбӣ дар Тоҷикистон ҳеч рабте надорад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Тибқи иттилои Маркази зилзилашиносии Амрико, субҳи 23-уми феврал дар Тоҷикистон соати 5:37 ба вақти маҳаллӣ заминларзаи шадид рух додааст. Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар 47-километрии мавзеи Аличури ноҳияи Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон будааст. Дар маркази зилзила шиддати он 6,8 балл муайян шудааст.

Намогирифт аз сомонаи earthquake.usgs.gov

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изҳороти расмие навиштааст (бойгонӣ), ки «23-уми феврал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд. Такони аввали замин соати 5:37 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод, ки маркази он 67 км ғарби маркази ноҳияи Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари кӯли Сарез буд. Қувваи заминларза дар марказ 6,8 балл ва умқи он 20,5 км буд».

Яъне, тибқи маълумоти ин ду манбаъ шиддати заминҷунбӣ 6.8 балро ташкил додааст.

Азбаски навори мавриди санҷиши мо аз чанд порча иборат аст, мо ҳар порчаи онро ҷудо карда, ба таври алоҳида санҷидем.

Нахуст ду порчаи аввали наворро, ки дар он таҳлукаи одамони зоҳиран дар дохили фурудгоҳ қарордошта дида мешавад ҷустуҷӯ кардем. Ҷустори навор аз чанд захираҳо маълум кард, ки ин навори нав нест ва он ҳам ба Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе надорад. Навори мазкур ҳанӯз моҳи апрели соли 2019 дар канали Youtube-и Gadget Addict нашр шудааст. Дар зери навор гуфта шудааст, ки ин навори Фурудгоҳи байналмилалии Кларки Филипин аст, ки санаи 22 апрели соли 2019 аз заминҷунбӣ 6,1 бали баъзе қисмҳояш осеб дидааст.

Порчаи саввуми навор, низ ки дар он ҳолати аз ҷевон ба замин афтодани зарфҳои шишагин ва ашёҳои дигар дида мешавад, ба заминҷумбии ахир дар Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе надорад. Зеро ин порчаи навор ҳанӯз моҳи феврали соли 2021 дар расонаҳо нашр шудааст (бойгонӣ). Ба навиштаи расонаҳо ин кадрҳо аз заминҷунбӣ дар Ҷопон бардошта шудаанд, ки гӯё ба шиддати 7 бал рух додааст.

Хулоса

Санҷиши мо маълум намуд, ки дарвоқеъ рӯзи 23 феврал дар дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ заминҷунбӣ рух додааст. Аммо аввал ин ки шиддати он на 7,2 бал, балки 6,8 бал аст. Дуввум, навори паҳншуда, ки онро аз Тоҷикистон гуфта шудааст, аслан ҳеҷ иртиботе ба Тоҷикистон надошта, навори кӯҳна аст ва аз заминҷунбӣ дар дигар давлатҳо сабт шудааст. Азбаски навори мавриди санҷиши мо сохта асту ба Тоҷикистон рабт надорад, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк»-ро гирифт.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь