Фейк | Заминҷунбӣ дар Туркия кори дасти Амрико ва НАТО аст

Чӣ санҷида шуд?

Заминларзаи харобиовар дар Туркия дар авоили феврали соли ҷориро як қатор расонаҳои Русия сунъӣ маънидод карда, онро кори дасти НАТО ва Амрико медонанд. Дар мусоҳибае, ки оҷонсии хабарии Sputnik Русия бо коршиноси ҳарбӣ Александр Хроленко анҷом додааст, гуфта мешавад, ки заминларзаҳо дар Туркия имкон дорад, тавассути озмоиши силоҳи махфии геофизикие, ки ИМА ҳамчун як қисми лоиҳаи тадқиқотии HAARP таҳти сарпарастии Пентагон таҳия мекунад, ба амал омада бошад. Дар ин бора коршиноси ҳарбӣ Александр Хроленко дар пахши телевизиони Sputnik дар Русия изҳор дошт.

Дар робита ба ин қазия расонаҳои ҷонибдори Кремл аз барномаи HAARP ёдовар мешавад, ки маъмулан ба таҳияи силоҳи тектоникӣ ва иқлимӣ муттаҳам мешавад. Далели аз тарафи ИМА ба вуҷуд овардани заминларзаи сунъиро омилҳои сиёсӣ меноманд – масалан, муносибатҳои душвори Вашингтон бо Туркия.

Ҳукмнома: Фейк

Ин назарияҳо беасос аст ва дар онҳо такя ба ягон далели илмии собитшуда, дида намешавад. Маводҳои бо ин мазмун паҳншаванда аксар таблиғоти Русия барои мутаҳам кардани Амрико ва Ғарб аст.

Силоҳи тактоникӣ чӣ аст?

Силоҳи тектоникӣ – дастгоҳ ё системаҳои фарзиявӣ мебошад, ки тавассути таъсир ба равандҳои табиии геологӣ дар минтақаҳои муайян ба таври сунъӣ заминҷунбӣ, оташфишонии вулқонҳо ва ё зуҳуроти шабеҳ ба вуҷуд овардан мумкин аст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Дар маркази иттиҳомоти маъмултарини истифодаи силоҳи тактоникӣ барномаи тадқиқотии ИМА – HAARP (High-frequency Active Auroral Research Program) мебошад, ки дар асл фаъолияти он ба чунин навҳи силоҳ ҳеҷ иртибот надорад. Барномаи HAARP лоихае, ки дар расадхонае дар Аляска асос ёфтааст, ки бо истифода аз радиопередатчикхо кабати болои атмосфераро меомӯзад. Ин дастгоҳҳо қисмҳои хурди ҳаворо дар болои макон гарм мекунанд, аммо онҳо наметавонанд обу ҳаворо тағйир диҳанд ва ҳамчунин мавҷҳои электромагнитиро ба сайёра ирсол намуда, бо чунин қудрат интиқол медиҳанд, ки онҳо метавонанд тамоми қитъаҳоро ҳаракат кунанд.

Ба ин монанд гузоришҳо дар робита ба заминларзаи Гаитӣ дар соли 2010 ва заминларзаи Спитак дар соли 1988 нашр шуда буданд, ҳарчанд далели аниқе пешниҳод нашудааст.

Конвенсияи соли 1978 (бойгонӣ) дар бораи манъи истифодаи ҳарбӣ ё дигар душманона аз усулҳои тағир додани муҳити зист шартномаи байналмилалиест, ки аз ҷониби 75 давлат ба тасвиб расида, истифодаи усулҳои тағир додани муҳити зистро барои ба вуҷуд овардани заминларза ва сунамӣ дар қатори падидаҳои дигар манъ мекунад.

Хулоса

Ягон далеле барои тасдиқи ин даъво вуҷуд надорад ва дар бораи мавҷудияти аслиҳаи сейсмикӣ ягон далеле вуҷуд надорад.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь