Чӣ санҷида шуд?
Дар гурӯҳи телеграмие бо ном Шӯъбаи электронӣ хабаре таҳти сарлавҳаи «Барқияи фаврии Вазири корҳои дохилӣ ба Вазири корҳои дохилии Россия» нашр (бойгонӣ) шудааст. Дар хабари мазкур гуфта мешавад, ки гӯё Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода вобаста ба лату кӯб ва шиканҷа шудани беш аз сад нафар донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби дарёи Амур дар кишвари Хабаровски минтақаи Шарқи дури Россия ва дар бораи рейди мақомоти Россия ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Котелники дар канори Маскав ва дар дигар шаҳрҳо ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Колоколтсев В.А. барқия ирсол намуда, хоҳиш кард, ки «ҷиҳати холисона баррасӣ намудани ҳодисаҳои мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани онҳо мусоидат намояд».
Паҳни ин хабар дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амури Русия таҳсил мекунанд, хабар додаанд, (бойгонӣ) ки беш аз сад нафари онҳо аз ҷониби нерӯҳои махсуси минтақаи Хабаровск шадидан латукӯб шудаанд.
Ба нақли донишҷӯён, ҳодиса субҳи барвақти 19-уми май дар хобгоҳи донишгоҳ ва замоне руй додааст, ки донишҷӯён барои рафтан ба дарс омодагӣ медиданд. Ин хабар дар расонаҳо нигарониҳоро ба миён овард.
Чанде аз корбарони сомонаи factcheck.tj бо ирсоли ин паёмак аз мо хоҳиш намуданд, ки воқеияти ин хабарро мавриди санҷиш қарор диҳем.
Ҳукмнома: Ҳақиқат
Дарвоқеъ хабар бобати ирсоли Барқияи фаврии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Вазири корҳои дохилии Россия воқеият дорад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Хабаргузории Tass.ru рӯзи 26 май бо нашри хабаре (бойгонӣ) навиштааст, ки Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев даъват кард, ки ҳодисаҳои марбут ба латукӯби шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус донишҷӯёни шаҳри Комсомолски лаби Амурро таҳти назорати шахсӣ гирад. Ин расона ишора ба ВКД Тоҷикистон кардааст.
Дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон санаи 26.05.2023 барқияи фаврии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Вазири корҳои дохилии Русия нашр (бойгонӣ) шудааст.
Дарвоқеъ Вазири корҳои дохилӣ ба унвони Вазири корҳои дохилии Русия барқия ирсол карда, хоҳони баррасии холисонаи ҳодисаи лату кӯб ва шиканҷа шудани беш аз сад нафар донишҷӯёни тоҷики Хабаровски минтақаи Шарқи дури Россия шудааст.
Инчунин дар барқия тақозо шудааст, ки ҳодисаи мазкур таҳти назорат қарор дода шавад.
Хулоса
Санҷиш маълум намуд, ки дарвоқеъ Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев хоҳиш намудааст, ки дар баррасии холисонаи қазияи латукӯбу шиканҷаи донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби дарёи Амур дар кишвари Хабаровски минтақаи Шарқи дури Россия ва дар бораи рейди мақомоти Россия ба зидди муҳоҷирони тоҷик мусоимдат намояд.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.