Чӣ санҷида шуд?
Як хонандаи сомонаи factcheck.tj бо ирсоли эълоне (бойгонӣ), ки дар он аз бурди лотерея сухан меравад, аз мо хоҳш намуд, ки мӯътамадии онро мавриди санҷиш қарор диҳем. Дар эълони мазкур бозии лотереяе бо номи «Хуршеди Кӯҳистон» оварда шудааст ва дар матн пайванде барои гузариш ба телеграм-бот ҷой дода, гуфта шудааст, ки харидории чиптаҳои лотереяи «Хуршеди Кӯҳистон» тариқи телеграм-бот имкон дорад (бойгонӣ).
Ҳукмнома: Дурӯғ
Бино ба санҷиши мо, маълумот дар бораи он ки лотереяи мазкур дар сомонаи расмии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Хуршеди Кӯҳистон» сабт шудааст, тасдиқи худро наёфт.
*Баъд аз нашри ин матлаб намояндагони лотереяи «Хуршеди Кӯҳистон» ба мо муроҷиат намуданд, ки дар охири маводи мазкур баъзе тағйирот ворид карда шуданд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Мо нахуст ба телеграм-боти мазкур ворид шудем. Вақте дар ин телеграм-бот бахши маълумотномаро пахш мекунем, чунин матне пайдо мешавад:
«Маълумотномаи пурра:
ОГОҲИ!
————————————-
1) бозӣ дорои риск мебошад!
————————————-
2) маблағи пардохт карда шуда, бозпас гардонида намешавад!
————————————-
3) дар бозӣ ноболиғон, маъюбон, нафарони дорои бемориҳои асаби ва рӯҳи иштирок карда наметавонанд!
————————————-
МАЪЛУМОТНОМА ВА ТАРЗИ ИШТИРОК:
————————————-
1) дар қисмати хариди чипта ба шумо як лист дода мешавад, ки дорои 23 қисм аст ва иборат аз 300 чипта дар ҳар қисм аст. Шумо дилхоҳ қисмро интихоб карда маблағи таъиншуда дар қисмро дар суратҳисоби дар зери акс буда пардохт мекунед!
————————————-
2) рақами телефон, чеки пардохтро ба ватсапи мо мефиристед ва интизори ҷавоби оператор мешавед!
————————————-
3) ба каналҳои лотерея дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои иттилоъ пайдо кардан аз рафти бозӣ ва шиносои бо ғолибон обуна мешавед!
_______________________
(Як нафар ҳуқуқи то 5 маротиба чипта харидори карданро дорад!)
_______________________
Суроғаи ҳуқуқӣ: Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
————————————-
Почтаи электронӣ:
khurshedi.kuhiston@gmail.com
————————————-
WhatsApp: +992 92 870 30 60
————————————-
Лотерея дар вазорати молия таҳти номгуйи << ХУРШЕДИ КӮҲИСТОН >> сабт шудааст!
_______________________
Сана ва макони баргузори ҳангоми дастраси ба чипта ба шумо расонида мешавад!
————————————-».
Тавре дида мешавад, дар поёни маълумотнома гуфта шудааст, ки лотереяи мазкур дар Вазорати молия таҳти номгӯи «Хуршеди Кӯҳистон» сабт шудааст. Вале дар сомонаи расмии Вазорати молия дар бахши «Шаҳодатномадиҳӣ» зербахши дигаре бо номи «Феҳристи Лотерея» мавҷуд аст, ки ҳангоми пахш кардан, «Феҳристи Иҷозатдиҳӣ барои соли 2022 ва 2023» нашр шудааст. Дар ин феҳристи ду соли охир номи лотерея бо номи «Хуршеди Кӯҳистон» дида намешавад.
*ТАКМИЛШУДА
Чӣ санҷида шуд?
Баъд аз нашри матлаби мазкур (02.11.2023) намояндагони лотереяи «Хуршеди Кӯҳистон» ба мо муроҷиат намуда, шаҳодатномаи худро барои гузаронидани бозиҳои лотерея пешниҳод карданд. Тибқи он, лотереяи «Хуршеди Кӯҳистон» аз 05.11.2023 то 05.11.2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи фаъолиятро ба даст овардааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Далелсанҷӣ, ки хулосаҳои худро дар асоси манбаъҳои бози расмӣ пешкаш менамояд, бори дигар ишора ба он мекунад, ки мутаассифона дар сомонаи расмии Вазорати молия дар бахши «Шаҳодатномадиҳӣ» зербахши дигаре бо номи «Феҳристи Лотерея» мавҷуд аст, ки ҳангоми пахш кардан, «Феҳристи Иҷозатдиҳӣ барои соли 2022 ва 2023»-ро пайдо кардан мумкин аст. Вале дар ин феҳристи ду соли охир номи лотерея бо номи «Хуршеди Кӯҳистон» дида намешавад.
Ҳангоми дубора дақиқ кардан, ба дастамон яке аз эълонҳои лотереяи «Хуршеди Кӯҳистон» афтод (бойгонӣ), ки дар он ному насаби директори генералии ин лотерея Охунзода С., зикр шудааст. Мо бо ин ному насаб бахши «Ба андозсупорандагон»-и сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷустуҷӯ кардем. Дар сомонаи расмии Кумитаи андоз дар бахши «Феҳристи ягонаи давлатӣ» номи Охунзода Сабоҳ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ аз 23.10.2023 сабт шудааст.
Хулоса
Пас аз санҷиш маълум гардид, ки лотереяи «Хуршеди Кӯҳистон» баъд аз нашри матлаби мо аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома оид ба гузаронидани лотерея дарёфт намудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар феҳристи шаҳодатномадиҳии Вазорати молия барои гузаронидани лотерея, ки дар сомонаи вазорат нашр шудааст, то ҳол номи лотереяи «Хуршеди Кӯҳистон» ворид нашудааст.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.