Фейк | Эмомалӣ Раҳмон ба обунашавӣ ва «сармоягузорӣ» даъват мекунад (навор)

Давоми чанд рӯзи охир дар шабакаи иҷтимоии Facebook наворе паҳн шуда истодааст (бойгонӣ), ки дар он гӯиё Эмомалӣ Раҳмон – Раисҷумҳури Тоҷикистон, сокинони кишварро ба обуна шудан ба як саҳифаи телеграмӣ бо номи «Самира» даъват мекунад, ки тавассути «сармоягузории газ» дар ин канал дар ҳаҷми калон пул кор карда метавонанд.

Иқтибос:

«Мусульмане массово покупают машины и дома.

Прямо сейчас каждый может заработать от 12 тысяч сомони.

Мы открыли официальный Telegram-канал Самиры.

Она зарабатывает на газовых инвестициях, которые недавно стали доступны гражданам.

Чтобы заработать, перейдите в канал Самиры, сделайте первое вложение и ваш доход изначально составит минимум 12 тысяч.

Не упустите возможность получить деньги уже сегодня.

Доступно всего 50 мест для участия».

Ин навор, ки гӯиё Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид бо забони русӣ ба обуна шудан ба кадом як канали шубҳаноке бо номи «Самира» дар телеграм даъват мекунад, миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ босуръат паҳн мешавад. Мо онро мавриди санҷиш қарор додем, то воқеияти онро ошкор намоем.

Санҷиши мо нишон дод, ки навор сохтакорӣ шуда, ягон асоси воқеӣ надорад.

1. Саҳифае, ки ин наворро пахш кардааст, бо номи Jardineria Mendoza ҳеч ба Тоҷикистон ва Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дахл надорад. Маводи нашршуда дар ин саҳифа асосан дар бораи тарроҳии ҳавливу боғ аст ва дар худи саҳифа низ навишта шудааст, ки «ширкати тарроҳӣ» мебошад.

2. Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид асосан бо забони тоҷикӣ суханронӣ мекунад.

3. Аз навори охири суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ, ки 20-уми сентябри соли равон доир шуда буд, дида мешавад (бойгонӣ), ки дар хабари фейкӣ аз он истифода бурда шудааст.

4. Тавассути зеҳни сунъӣ овоз тағйир дода шудааст, ки ҳангоми бодиққат тамошо кардан, дида мешавад, ки лабҳо ба таври табиӣ ҳаракат намекунанд.

5. Гузаштан ба саҳифаи телеграмӣ корбаронро ба як саҳифае мебарад, ки дар сурати бовар кардан, ба доми қаллобон афтодан мумкин аст.

Суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2023 (Навор аз саҳифаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон)

Санҷиши мо нишон дод, ки навори мазкур «Фейк» буда, асоси воқеӣ надорад. Бо истифода аз номи Раисҷумҳур ва навори сохта мехоҳанд, ба ҳадафҳои қаллобии худ бирасанд.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь