Чӣ санҷида шуд?
Тайи чанд рӯзи охир тавассути мессенҷерҳо, хоса WhatsApp паёмаке давр зада истодааст, ки дар он гуфта мешавад, гӯиё Раисҷумҳури Русия Владимир Путин хоҳиш кардааст, ки имрӯз аз соати 23:00 то 05:30 телефонҳои мобилиро хомӯш карда, аз бадан дур нигоҳ доранд. Дар паёмак таъкид шудааст, ки гӯиё дар ин муддат Русия барои безараргардонии коронавирус радиатсияи пурқуввати мавҷро мефиристад.
«Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин аз имрӯз аз соати 23:00 то 05:30 хоҳиш кард, ки ҳама телефонҳо, телефонҳои мобилӣ ва планшетҳои худро хомӯш карда, аз бадан дур гузоранд. Дар ин бора телевизиони Қирғизистон хабар дод. Лутфан ба аҳли оила ва дӯстонатон бигӯед, ки имрӯз, аз соати 23:00 то 05:30 дар сайёраи мо радиатсияи хеле баланд хоҳад буд. Шуоҳои кайҳонӣ аз наздикии Замин мегузаранд», – гуфта мешавад, дар матни паёмак.
Дар поёни мавод ба сомонаи NASA ва BBC News низ ишора шудааст.
Эмомалӣ Сайидзод як корбари тоҷик дар Facebook намогирифти ин паёмакро дар саҳифааш ҷой дода, суол кардааст (бойгонӣ): «Ин паём чӣ маъно дорад?».
Ҳукмнома: Фейк
Паёмаки мазкур бофта буда, рӯзҳои ахир бо чанд забон паҳн мешавад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Нахуст агар ба мавод аҳамият диҳем, чанд ҷанбаи номаълуми хос ба фейк дорад:
– Дар паёмак қайд шудаааст, ки гӯиё Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ин ҳушдорро аз тариқи телевизиони Қирғизистон додааст. Кадом телевизион аст номаълум. Гузашта аз ин, бисёр шубаҳовар аст, ки Президенти Русия чунин як огоҳиро аз тариқи телевизиони кишвари дигар, дар мисоли Қирғизистон расонидааст;
– Баъдан дар мавод рӯзи аниқ ва макони ин ҳодиса зикр нашудааст;
– Матлаб пур аз хатоҳои граматикӣ аст, ки далели тарҷумаи нодурусти он аст.
Ҷустуҷӯи мавод собит кард, ки он дар гузашта ҳам ба таври васеъ паҳн шуда буд. Аз ҷумла, ҳанӯз соли 2017 бо забони русӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд (бойгонӣ).
Мо сомонаи расмии NASA ва BBC News-ро ҷустуҷӯ кардем. Вале бобати ин қазия дар ин сомонаҳо чизе нашр нашудааст. Вале моҳи июли соли ҷорӣ ҳам ин паёмак дубора паҳн шуда буд. Пойгоҳҳои далелсанҷӣ аз ҷумла factcheck.kz ин хабрро санҷида фейк будани онро ошкор кардаанд.
Хулоса
Санҷиши маводи мазкур собит намуд, ки он асоси воқеӣ надорад. Ин фейк дар гузашта бо забонҳои дигар паҳн шуда, ахиран тарҷума ва бо забони тоҷикӣ низ паҳн шудааст.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.