Ҳақиқат | «Хатлон вилояти «Ӯзбеклар» жамияти | Bokhtar» ба нашри матолиби иғвогарона машғул аст?

Чанд рӯзи охир корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook аз он шикоят мекунанд (бойгонӣ), ки гурӯҳе бо номи «Хатлон вилояти «Ӯзбеклар» жамияти | Bokhtar» (бойгонӣ) бо нашри матолиби иғвогарона, ки ба нофаҳмӣ миёни тоҷикону ӯзбекон оварда мерасонад, машғул аст.

Фаъолияти ин гурӯҳ диққати корбаронро ба худ ҷалб карда, баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст, ки тасмим гирифтем, онро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки «Хатлон вилояти «Ўзбеклар» жамияти | Bokhtar» ин як гурӯҳи фейсбукие буда, бештар бо нашру паҳни матолиби иғвогарона сару кор дорад.

Нахуст, фаъолияти ин гурӯҳро мавриди санҷиш қарор додем, ки он кай боз шудаасту маъмури он кист ва муҳтавои матлабҳояш аз чӣ иборатанд.

Гурӯҳи «Хатлон вилояти «Ўзбеклар» жамияти | Bokhtar» 31-уми октябри соли 2023 таъсис дода шуда (бойгонӣ), маъмури он корбаре бо номи Ali Sherbekov мебошад (бойгонӣ). Худи ӯ низ 31-уми октябри соли равон дар шабакаи иҷтимоии Facebook саҳифае боз карда, ягон акс ё маълумоти дигари тасдиқкунандаи шахсият надорад.

Дигар ин ки дар тарафи рости гурӯҳи мазкур шиоре таҳти унвони «Ўзбеклар ва Тожиклар – абадий биродарлар!» («Ӯзбекҳо ва Тоҷикон бародарони абадианд!») ҷой дода шудааст, вале дар асл ин гурӯҳ бештар бо нашри матлабҳои иғвогарона машғул аст (1), (2), (3), (4), (5), (6), (7).

Ҳамзамон, гурӯҳи мазкур дар Telegram низ бо номи «Хатлон вилояти «Ўзбеклар» жамияти | Bokhtar» саҳифаи фаъол дошта (бойгонӣ), онро 20-уми октябри соли равон таъсис додааст.

Дар робита ба ин, Санҷиш маълум кард, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангӣ-маърифатии ӯзбекзабонҳои вилояти Хатлон, таҳти рақами қайди ИҶ: 402, аз 15 феврали соли 2013 фаъолият доштааст, ки 3-уми ноябри соли 2023, пас аз чопи эълони расмӣ дар нашрияи «Хатлон» барҳам хӯрдааст.

Ҳоло дар ҳудуди вилояти Хатлон, тибқи Феҳрасти давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ягон иттиҳодия бо чунин самти фаъолият амал намекунад.

Гурӯҳи «Хатлон вилояти «Ўзбеклар» жамияти | Bokhtar» гурӯҳи фейсбукие беш нест ва он расман ба ягон иттиҳодияи ҷамъиятӣ алоқамандӣ надорад. Бар асоси Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (ҷилди I, саҳ. 534), «иғво» аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маъноҳои аз роҳ баровардан, гумроҳ кардан, фирефтан, дасиса, фитнаандозӣ, инчунин иғво андохтан, фитна ба кор бурдан, таҳрик кардан, шӯронидан, бо фитнаву дасиса касонро шӯрондан ва ба ин монандро дорад. Аз ин рӯ, муҳтавои матлабҳои ин гурӯҳ бештар ба ҳамин калима мувофиқат мекунанд, ки онро мо «иғвогарона» мешуморем.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь