Фейк | Ҳалокати инсон пас аз истеъмоли доруи паратсетамоли заҳролудшудаи Исроил (навор)

Бар асари муноқишаҳои миёни Фаластину Исроил рӯзҳои охир дар мессенҷерҳо, аз ҷумла WhatsApp хабаре паҳн шуда истодааст, ки гӯиё Исроил як навъи паратсетамоли заҳролудшударо истеҳсол намудааст ва он аллакай дар Русияву Қазоқистон пайдо шудааст. Гуфта мешавад, пас аз истеъмоли он дар рӯзи шашум инсон ба ҳалокат мерасад.

Ин хабар, ки тавассути мессенҷерҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ давр мезанад, корбаронро тарсу воҳима фаро гирифта, боис ба санҷиши мо шуд.

Хабари паҳншуда фейк буда, қаблан низ дар чандин кишварҳо паҳн шудааст.

Тавре дар акс дида мешавад, номи ширкати истеҳсолкунандаи дору «Apex» буда, он ба як ширкати дорусозии ҳиндӣ мутаалиқ мебошад (бойгонӣ) ва Paracetamol Tablets IP танҳо ба кишварҳои ИМА, Бритониёи Кабир, Арабистони Саудӣ, Австралия ва Шветсия содирот мешудааст (бойгонӣ). Ин далеле аст, ки доруи мазкур дар Исроил истеҳсол нашудааст.

Дигар ин ки ҳанӯз аз соли 2017 ин хабар бо шаклҳои гуногун нашру паҳн мешавад (бойгонӣ).

Қаблан, низ хабари мазкур бо мазмуни гӯиё «ин дору боиси пайдо шудани вируси «Мачупо» мешавад» паҳн гардида буд. Соли 2022 сомонаи THIP («Здоровый индийский проект») фейкӣ будани онро собит карда буд (бойгонӣ).

Ин хабар дар давраи COVID-19 низ паҳн шуда, далелсанҷони Литва (бойгонӣ) ва Укроин (бойгонӣ) аз фейкӣ будани он хабар дода буданд.

Инчунин, соли гузашта дар Қазоқистон (бойгонӣ) ин хабар ба таври васеъ паҳн шуда буд, ки дар натиҷа пойгоҳи далелсанҷии stopfake.kz бофта будани онро муайян карда буд. Бори охир, ин хабар пас аз муноқишаҳои миёни Исроилу «Ҳамос» бо мазмуни гӯиё Исроил барои фаластиниҳо ин доруро омода кардааст ва инсон дар рӯзи шашуми истеъмоли он ҳалок мешуда бошад, ба таври густурда паҳн мешавад, аз ҷумла дар Осетияи Ҷанубӣ (бойгонӣ).

Хабарҳо дар бораи паратсетамоли навъи «Paracetamol Tablets IP», ки гӯиё дар рӯзи шашуми истеъмол инсон ба ҳалокат мерасад, «Фейк» аст. Ин аксу навор кӯҳна буда, бо тағйироти сохта дубора дар Интернет паҳн шуданро оғоз кардааст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь