Чӣ санҷида шуд?
Дар Тоҷикистон миёни аҳолӣ, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо, аз ҷумла WhatsApp хабарҳое паҳн мешаванд, ки гӯиё ба Тоҷикистон вируси нав ё намуди нави коронавируси COVID-Omicron XBB пайдо шудааст (бойгонӣ). Сомонаи Pressa.tj дар саҳифаи телеграмии худ хабареро нашр кардааст (бойгонӣ), ки омадааст:
«Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад
Варианти XBB
Ба ҳама тавсия дода мешавад, ки ниқоб пӯшанд, зеро варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB гуногун, марговар аст ва дуруст муайян кардан осон нест…
COVID-Omicron XBB нисбат ба варианти Delta 5 маротиба заҳролудтар аст.
Ин штамми вирус дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба шуш бевосита таъсир мерасонад.
Якчанд бемороне, ки бо Covid-Omicron XBB ташхис шуда буданд, ҳамчун аффебрил ва бедард тасниф карда шуданд, аммо рентген пневмонияи сабуки сандуқро нишон дод.
Тампонҳои бинӣ аксар вақт барои Covid-Omicron XBB манфӣ мебошанд ва натиҷаҳои манфии бардурӯғ аз санҷишҳои бинӣ афзоиш меёбанд.
Ин маънои онро дорад, ки вирус метавонад тавассути аҳолӣ паҳн шавад ва мустақиман ба шушҳо ҳамла кунад ва боиси пневмонияи вирусӣ шавад, ки дар навбати худ боиси норасоии шадиди роҳи нафас мегардад».
Хабарҳои бо ин мазмун паҳншуда сокинони кишварро ба таҳлука ва воҳима андохтааст, ки чанд нафар хоҳиш карданд, то онро мавриди санҷиш қарор диҳем.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Зимни санҷиш маълум шуд, ки хабари мазкур ягон асоси воқеӣ надорад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниҳоди татбиқкунандаи сиёсати тандурустии Тоҷикистон мебошад, хабари мазкурро рад намуда, иттилоъ додааст, ки хабарҳои паҳншуда асоси воқеӣ надоранд.
Ин ниҳод дар хабаре, ки 17-уми декабри соли равон дар сомонаи расмияш нашр намуд (бойгонӣ), гуфтааст, «ҳоло бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар дар гардиш ҳастанд, на ягон намуд вируси хатарнок», инчунин аз сокинон талаб намудааст, ки ба хабарҳои ҳангомасоз ва иғвоангез бовар накунанд:
«Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки маълумоти мазкур асоси воқеӣ надорад ва ҳоло бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар дар гардиш ҳастанд, на ягон намуд вируси хатарнок.
Дар ҳамин замина, қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо нафароне, ки бо нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, аз онҳо ташхиси бемории COVID-19 гирифта мешавад. Хушбахтона, натиҷаи ташхисҳо нишон медиҳанд, ки то кунун дар мамлакат ягон нафар ба ин вирус гирифтор нест.
Бинобар ин, аз ҳамватанони азиз эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба чунин маълумоти ҳангомасоз ва иғвоангез бовар накунанд, балки бо истифода аз тавсияи мутахассисони соҳа худ ва наздиконашро аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас эмин нигоҳ доранд.
Тавре медонем, ҳамасола бо омадани мавсими сармо гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар меафзояд, ки ин як ҳолати маъмулист…».
Хулоса
Айни ҳол, дар Тоҷикистон вируси нав ё намуди нави коронавируси COVID-Omicron XBB вуҷуд надорад. Хабарҳои паҳншуда дар ин мавридро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад намуда, иттилоъ медиҳад, ки он асоси воқеӣ надорад. Аз ин рӯ, хабарҳои дар ин мавзӯъ паҳншуда, хоса дар саҳифаи телеграмии Pressa.tj низ «Дурӯғ» мебошад.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.