Фейк | Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони дучори қаллобии интернетӣ ҷубронпулӣ ваъда кард

Чанд рӯзи ахир дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоии Instagram ва Facebook наворе чарх мезанад, ки дар он гӯё Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ваъда медиҳад, ки ба шахсони дучори қаллобии интернетӣ шуда ҷубронпулӣ пардохт мекунад.  

“Дорогие граждани Таджикистан. 

В связи с множественными жалобы на интернет мошенников которые пользуются доверием наших сограждан и под видом инвестиций крадут последние деньги. 

Мы создали комитет по возврату и компенсации украденных средств брокерами и мошенниками. 

Хочу уверить вас что я лично буду следить за тем, чтобы все компенсации были реализованы. 

Следуйте указаниям наших юристов и вам вернут все средства в десятьикратном размере в качестве компенсации”.

Чун дар навор садои аслии Эмомалӣ Раҳмон шунида мешавад, аксари корбарон ба он бовар кардаанд ва аз ин иқдом хуш истиқбол намудаанд. 

Азбаски гирифтани пайванди навори мазкур мавҷуд набуд, мо бо усули сабти равзана (экран) онро боргирӣ кардем ва мавриди санҷиш қарор додем.

Санҷиш маълум кард, ки навори мазкур фейк буда, асоси воқеӣ надорад ва аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҳеҷ гуна дастур доир ба пардохти ҷубронпулӣ садо надодааст.

1. Саҳифае, ки навори мазкурро расонаӣ кардааст, ба Coalition of  Lawyers тааллуқ дошта (бойгонӣ), самти фаъолияташро ҳуқуқшиносӣ муаррифӣ кардааст. Ин саҳифа дар шаҳри Лондон ба қайд гирифта шуда,  ҳамагӣ 137 корбари доимӣ дорад.

2. Аксе, ки дар ин саҳифа истифода шудааст, аслан ба ширкати ҳуқуқии Dooleylucenti тааллуқ дорад (бойгонӣ) ва нафароне, ки дар он тасвир ёфтаанд, ҳуқуқшиносон ва кормандони ин ширкат мебошанд (бойгонӣ).

3. Дар навор суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, ки 21-уми ноябри соли 2023 дар Кремл баргузор гардид, истифода шудааст.

P.S. НАВОРИ АСЛӢ

4. Барои санҷиш, ба пайванди зери навор ворид шудем, ки дар он се суол-“Чӣ қадар маблағ гум кардед”, “Кай гум кардед” ва “Дар куҷо гум кардед” пайдо шуд. 

Пас аз посух додан ва гузаштан ба саҳифаи дигар, маълумоти шахсии мо, аз ҷумла ному насаб, почтаи электронӣ ва рақами телефон ба таври автоматӣ пайдо шуд ва дар зер тугмаи тасдиқкунандаи ин маълумотҳо низ аён гардид. 

Ин бори дигар собит сохт, ки қаллобон бо ин роҳ маълумоти шахсии корбаронро ҷамъ карда, онро бо мақсади номаълум истифода мебаранд.

Қаблан, Factcheck.tj низ чунин наворҳои сохтаро бо истифода аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дарёфт ва мавриди санҷиш (1), (2) қарор дода, дурӯғ будани онро исбот карда буд.

Навори мазкур комилан сохта буда, ягон асоси воқеӣ надорад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоиро зарур аст, ки ба он бовар накунанд.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь