Фейк | Қарзҳо бо фоизи паст ва осон: «Мо ба шумо осон ва бе мушкил қарз медиҳем»

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар мессенҷерҳо хабарҳое паҳн мешавад, ки гӯиё ин ё он бонк бо фоизи паст ва дар ҳаҷми лозима барои шаҳрвандони Тоҷикистон маблағ қарз медиҳанд. Онҳо худро хайрхоҳ ва мададрасони ашхоси эҳтиёҷманд вонамуд мекунанд.

Ин гуна хабар бо шаклу мазмуни гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо бисёр паҳн мешавад. Сокинон менависанд, ки ба ин тариқ ба доми қаллобон афтода, фиреб хӯрдаанд. Мо чунин хабарҳоро мавриди санҷиш қарор додем.

Санҷиши мо нишон дод, ки ин гуна хабарҳо фейкӣ буда, бо баҳонаи кӯмак ба ниёзмандон ҳадафҳои қаллобонаи худро амалӣ месозанд.

Қарздиҳандагони мазкур хоҳишмандонро барои муроҷиат тариқи WhatsApp даъват мекунанд.

Барои донистан, ки онҳо чӣ гуна ва бо кадом шарту шароит қарз медиҳанд, мо ба ду нафаре аз онҳо муроҷиат кардем.

Аввалӣ худро Agnes Maurin – котиби генералии яке аз бонкҳои аврупоӣ бо номи «Crédit Agricole» муаррифӣ кард.

«Crédit Agricole»дар ҳақиқат яке аз бонкҳои машҳури фаронсавӣ аст ва маркази он дар шаҳри Монружи Фаронса қарор дорад. Вале чанд ҷиҳати шубҳанок низ дида мешавад:

1. Нахуст рамзи симкорте, ки Agnes Maurin тариқи он мо ба ӯ паём фиристодем, рамзи яке аз кишварҳои африқоӣ бо номи Бенин аст, на Фаронса ё ягон кишвари аврупоӣ.

2. Agnes Maurin худро котиби генералии бонк муаррифӣ кард. Дар руйхати роҳбарон ва идоракунандагони бонк мо номи ӯро пайдо накардем (бойгонӣ).

3. Шартҳое, ки Agnes Maurin барои додани қарз аз ҷониби бонкро пешниҳод карда буд, дар сомонаи бонки «Crédit Agricole» ҷойгир нест. Одатан бонкҳо намуду шарту шароити қарздеҳиро дар сомонаҳои худ ҷойгир мекунанд, то муштариён огоҳ бошанд.

4. Аз ҷавобҳои Agnes Maurin маълум мегардад, ки дар суҳбат бо мо аз гугл-тарҷумон истифода мебарад, чун хатоҳои мантиқӣ дар паёмҳои ӯ дида мешавад.

Шарт ва шароитҳое, ки ҳамсуҳбати дуюми мо ба мо пешниҳод кард, монанди аввалӣ буд. Масалан, фоизи қарз 2% будан. Ҳамсуҳбати дуюм зикр намуд, ки пулро метавон тариқи ҳама намуд корт қабул кард.

1. Ҳамсуҳбати дуюм худро муаррифӣ накард, вале рақами рамзи симкорти ӯ низ қайди кишвари африқоии Бенин буд.

2. Ӯ худро аз бонки CEC BANK муаррифӣ кард. Далели шубҳанокии он буд, ки дар паёмрасони ӯ акси Сбер Банк ҷойгир карда шуда буд.

3. CEC BANK яке аз бонкҳои Руминия мебошад. Дар сомонаи расмии ин бонк низ мо шартҳое, ки «қарздеҳ» ба мо пешниҳод карда буд, пайдо накардем.

4. Ӯ аз мо зуд фиристодани ному нишона ва шиносномаву дигар ҳуҷҷатҳо талаб кард.

Хулоса

Аз таҳлилҳои зикршуда маълум гардид, ки ин гуна хабарҳо, ки гӯиё ба муҳтоҷон бо фоизи паст ва ҳаҷми лозима қарз медиҳанд, «Фейк» мебошад. Бинобар ин, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро зарур аст, ки ҳамеша ҳушёр бошанд, то ба доми чунин қаллобон нафтанд ва ба онҳо кортҳои бонкию дигар маълумоти шахсиро равон накунанд.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь