Чӣ санҷида шуд?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе паҳн шуда, дар он навишта шудааст ки гӯиё бо паҳн намудани сухану навор ва сурудҳои динӣ шаҳрвандони кишвар ҷарима ва ҳабс мешаванд.
Иқтибос:
«ДИҚҚАТ!
Гапҳои динӣ ё нашидҳову видеоҳои динӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Whatsapp, Instagram, Imo, Вк ва ғайраҳо ягон кас ба шумо, ё шумо ба ягон кас равон кунед, ҷарима аз 5000 то 30000 сомонӣ.
Аз санаи 20.12.2023 телефонҳо ва шабакаҳои интернетӣ зери назорат мешаванд, гапҳои динӣ сабт хоҳад шуд. Дар вақти проверкаи телефони мобилии шумо
чизҳои динӣ ёфт шаванд, ҷарима аз 5000 тo 30000 аз 5 то 15 сол ҳабс хоҳед шуд».
Ин хабар ба таври оммавӣ паҳн шудаистодааст ва чанд нафар ин аксро ба мо фиристоданд, то онро мавриди санҷиш қарор диҳем.
Ҳукмнома: Фейк
Хабари мазкур овозае беш набуда, ягон асосӣ воқеӣ надорад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Сараввал мо ин хабарро аз сомонаҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷустуҷӯ кардем. Барои тасдиқи он чизе пайдо нашуд.
Дар Тоҷикистон ҷазои ҷиноятӣ тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин ҷавобгарӣ муайян нашудааст (бойгонӣ).
Қаблан ба ин мазмун хабари фейкие паҳн шуда буд, ки гӯиё фиристодани «Ҷумъа муборак» дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси ҷавобгарӣ ҷиноятӣ мегардад. Далелсанҷони сомонаи Factcheck.tj ин хабарро санҷида, фейк будани онро муайян карда буданд.
Хулоса
Паҳн шудани хабарҳо дар хусуси «бо фиристодани суханҳо, навору сурудҳои динӣ ҷарима ва ҳабс мешавед» ягон асоси воқеӣ надошта, он «Фейк» мебошад. Санҷиши мо нишон дод, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора ҳоло ягон ҷавобгариро муайян накардааст.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.