Ҳақиқат | Дар Русия қонуни нави шаҳрвандӣ эътибор пайдо кард

4-уми январи соли равон Фармони Раисҷумҳури Русия Владимир Путин «Дар бораи қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Федератсияи Русия ва аъзои оилаи онҳо, ки барои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия ё воҳидҳои ҳарбӣ шартнома бастаанд» ба имзо расид.

Дар робита ба ин, саҳифаи телеграмии «Невзоров» (бойгонӣ) бо нашри иттилоияе хабар дод, ки ин фармон мисли «роҳхат ба он ҷоест, ки аз он имкони дубора баргаштан вуҷуд надорад».

Ин фармон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба миён овард, тасмим гирифтем, дурустии онро бисанҷем.

Муайян карда шуд, ки воқеан ҳам аз ҷониби Владимир Путин – Раисҷумҳури Русия, чунин фармон ба тасвиб расидааст.

Скриншот аз саҳифаи телеграмии «НЕВЗОРОВ»

Хадамоти матбуоти Раисҷумҳури Федератсияи Русия 4-уми январи соли 2024 дар сомонаи расмиаш Фармони Раисҷумҳури Русия «Дар бораи қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Федератсияи Русия ва аъзои оилаи онҳо, ки барои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия ё воҳидҳои ҳарбӣ шартнома бастаанд» нашр намуд (бойгонӣ).

Бино ба иттилои ин ниҳод, дар сурати риоя нагардидани талаботи зикршуда дар Фармон, дархости шаҳрванди хориҷӣ ва аъзои оилаи ӯ барои гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Русия рад карда мешавад.

Хабари дар расонаҳо нашршуда дар бораи тартиби нави соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия асоси воқеӣ дорад ва бастани шартнома барои гузаштани хизмати ҳарбӣ ба муҳлати на камтар аз як сол яке аз шартҳои муроҷиат барои гирифтани шаҳрвандии Русия мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир муноқишаҳои Русия бо Укроин идома дошта, тибқи маълумоти гуногун, талафоти зиёдеро дар пай гузоштааст. Бинобар ин, Русия мехоҳад қувваҳои мусаллаҳи худро аз ҳисоби «хизматчиёни нав – шаҳрвандони хориҷӣ» пурра намояд, чун ин фармон барои сафарбар кардани хизматчиёни нави ҳарбӣ ба майдони ҷанг низ мусоидат хоҳад кард.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь