Фейк | Муноқишаи оммавии муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Маскав (акс)

Дар чанде аз хабаргузориҳои русӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯиё шаби 3-уми феврал дар шаҳри Маскав байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз муноқишае сар задааст. Ин хабар дар сомонаҳои Антимафия (бойгонӣ), Компромат1 (бойгонӣ), Власть (бойгонӣ), Главк (бойгонӣ) ва инчунин, дар саҳифаҳои телеграммии ВЧК-ОГПУ (бойгонӣ), Чек Ара 18+ (бойгонӣ) нашру бознашр ва паҳн гаштаанд.

Иқтибос аз сомонаи «Антимафия»:

«В ночь на четверг в ТЦ Каламбус, что на юге Москвы, неизвестные с ножами напали на двух киргизов-таксистов, одному из которых лезвием досталось в грудь и ногу.

Он был госпитализирован. По горячим следам были пойманы четверо таджиков, трое из которых оказались несовершеннолетними.

На данный момент им вменяют статью УК РФ «Хулиганство». По данным следствия причиной национальной ненависти к гражданам республики Кыргызстан».

Азбаски хабари мазкур дар расонаҳо баҳсу вокунишҳои зиёдеро ба миён овард, factcheck.tj тасмим гирифт, ки онро мавриди санҷиш қарор диҳад.

Муайян карда шуд, ки ин хабари фейкӣ буда, ягон асоси воқеӣ надорад.

Скриншот аз сомонаи «Антимафия»

Сараввал мо аксҳое, ки дар он муноқишаи ду гурӯҳ дида мешавад, мавриди санҷиш қарор додем. Аксе, ки сомонаҳои Антимафия ва Главк нашр кардаанд, ба муҳоҷирони тоҷику қирғиз иртиботе надорад ва он дар Маскав гирифта нашудааст. Зеро, ин акс ҳанӯз 29-уми октябри соли 2015 аз ҷониби аксбардори хабаргузории «Associated Press» Дарко Бандич гирифта шудааст (бойгонӣ). Акси мазкур ба муноқишаи муҳоҷироне рабт дорад, ки 29-уми октябри соли 2015 мехостанд, тавассути марзи Словения ба Австрия гузаранд.

Скриншот аз натиҷаи ҷустуҷӯи барномаи ТinEye

Дигар ин ки дар хабарҳои нашршуда омадааст, «тоҷикон бо Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия – «Авбошӣ», айбдор мешаванд. Тибқи тафтишот, сабаби муноқиша бадбинии миллӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад».

Аммо то замони санҷиш ва нашри матлаби мо дар бораи ин ҳодиса Раёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар вилояти Маскав (бойгонӣ) ва шаҳри Маскав иттилое надодааст.

Хабарҳо дар бораи муноқишаи муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Маскав ҳақиқат надорад ва аксҳои дар хабарҳо истифодашуда куҳна мебошанд.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь