Фейк | «ВКД: Аз фардо фиристодани аксу навор ба ҳамдигар дар мессенҷерҳо хатарнок хоҳад буд, чун онҳо вирус доранд» (паём)

Дар WhatsApp аз номи Вазорати корҳои дохилӣ паёмаке паҳн мешавад, ки гӯиё «аз фардо фиристодани аксу навор ба ҳамдигар дар мессенҷерҳо хатарнок хоҳад буд, зеро онҳо вирус доранд».

Иқтибос:

«С завтрашнего дня никаких картинок, открыток и видео. Там вирус. Хакеры объявили войну и в картинках с видео будут вирусы. После чего телефон или компьютер восстановлению не подлежит. Переписываться можно, но никаких картинок. Очень важно. Перешли своим друзьям и близким чтобы они не испортили свои и твой телефоны.

Новости из сводки МВД…».

Чанде аз корбарони мессенҷери WhatsApp ба сомонаи Factcheck.tj муроҷиат намуда, хоҳиш карданд, ки дурустии онро муайян намоем.

Дар натиҷаи санҷиш дақиқ гардид, ки ин хабари бофта буда, ягон асос надорад.

Скриншот аз саҳифаи WhatsApp

Нахуст, дар паёмак мушаххас гуфта нашудааст, ки Вазорати корҳои дохилии кадом давлат аст. Дигар ин ки паёмак бо чунин шаклу мазмун на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия (бойгонӣ) ва Қазоқистон (бойгонӣ) низ паҳн гардидааст. Далелсанҷон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2022 собит карда буданд, ки он бофтае беш нест.

Санҷиши мо низ дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд, ки чунин хабар ё гузорише аз ҷониби ин ниҳод паҳн нагардидааст.

Хабарҳо атрофи он ки гӯиё «фиристодани аксу наворҳо тавассути мессенҷерҳо хатарнок асту онҳо вирус доранд» асоси воқеӣ надошта, «Фейк» мебошад. Қаблан низ паёмҳои шабеҳ дар мессенҷеру шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буданд, ки сомонаи Factcheck.tj онро ошкор карда буд.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь