Чӣ санҷида шуд?
Чанде пеш хабаргузории русии «Говорит Москва» матлаберо нашр кард (бойгонӣ), ки дар он Михаил Делягин, вакили Думаи давлатии Русия гуфтааст, гӯиё сеяки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд. Ин хабарро бархе аз расонаҳои дигар, аз ҷумла Лента.ру (бойгонӣ), Авесто (бойгонӣ) ва саҳифаи телеграмии Tajikistan News (бойгонӣ) бознашр намуданд.
Иқтибос:
«При этом надо учесть, что многодетных семей в России больше не только из-за изменений в некоторых регионах критериев многодетности, но и потому, что в России миллионы мигрантов, уже никто не зовёт их гастарбайтерами, они приезжают, в общем, целыми аулами. Треть Таджикистана живёт на нашей территории, если верить имеющейся информации. Про остальные республики тактично умалчивают. А там действительно люди, поскольку они привыкли жить сельской жизнью – рожают много детей. Так что это является на сегодняшний день очень значимым фактором роста числа многодетных семей на территории Российской Федерации».
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки гӯиё наздики 3,5 млн. аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки шумораи аҳолии кишвар тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2022 ба 10 млн. расида буд (бойгонӣ).
То куҷо ин изҳороти вакили рус дуруст аст, онро мавриди санҷиш қарор додем.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Санҷиш маълум кард, ки изҳороти вакили рус асоси воқеӣ надорад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Мусаллам аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон асосан барои муҳоҷират Русияро интихоб мекунанд ва аксарият мавсимӣ ба муҳоҷират мераванду баъд аз чанд муддат дубора боз ба ватан бармегарданд.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ (бойгонӣ), соли 2023 аз Тоҷикистон 652 ҳазору 14 нафар ба муҳоҷират рафтаанд, ки аз ин шумора 627 ҳазору 28 нафарашон барои кор ба Русия рафтаанд.
Сомонаи Президенти Русия (бойгонӣ) 21-уми ноябри соли равон аз вохӯрии президентҳои Тоҷикистону Русия хабар дода буд, ки дар ҳудуди Русия андаке бештар аз як миллион муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки бо оғози ҷанги Русияву Укроин баъзе аз онҳое, ки душаҳрвандӣ (Тоҷикистон ва Русия) доштанд, ба Тоҷикистон баргаштанд.
Аз ин рӯ, бо назардошти он, ки аҳолии Тоҷикистон 10 млн. нафарро ташкил медиҳанд (бойгонӣ), шумораи муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия ба ҳеч ваҷҳ сеяки онро ташкил намедиҳанд.
Хулоса
Изҳороти вакили Думаи давлатии Русия Михаил Делягин дар бораи он ки гӯиё сеяки тоҷикистониён дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, «Дурӯғ» буда, воқеият надорад.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.