Чӣ санҷида шуд?
Хабаргузори миллии «Ховар» 8-уми октябр матлаберо таҳти унвони «Дар Русия ба хориҷиён савдо дар бозор манъ карда мешавад» нашр намуд (бойгонӣ). Дар хабар гуфта шудааст, ки дар соли 2020 машғул шудани муҳоҷирон ба савдои чакана дар иншооти савдои ғайридавлатӣ, дорухонаҳо, бозору растаҳо ва берун аз мағозаҳо комилан манъ карда мешавад. Ҳадаф аз ҷорӣ намудани ин иқдом танзими бозори меҳнат ва афзалият додан ба шуғли шаҳрвандони Русия гуфта мешавад.
Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2019 аз ҷумҳурӣ 300 284 нафар шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда, аз инҳо 260 125 нафар мардҳо ва 40 159 нафар занон мебошанд (бойгонӣ). Аз ҷумла, 293 248 нафар муҳоҷири меҳнатии кишвар ба Федератсияи Русия сафар кардаанд. Азбаски як қисми муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар соҳаи савдо низ фаъолият доранд, санҷиши ин мавзӯъро зарур шуморидем.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Дар хабари мазкур, ки Ҳукумати Русия ба сифати сарчашмаи иттилоотӣ ишора шудааст, мо онро аз сомонаи расмии Ҳукумати Русия санҷидем.
Санаи 7-уми октябри соли 2019 дар сомонаи Ҳукумати Русия хабаре таҳти унвони «Ҳиссаи коргарони хориҷӣ дар намудҳои алоҳидаи фаъолияти иқтисодӣ барои соли 2020 муқаррар гардид» ҷой дода шудааст (бойгонӣ). Дар нусхаи Қарори мазкур (бойгонӣ), ки бар асоси моддаи 181, банди 5-уми Қонуни федеролӣ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федереатсияи Русия», аз 30-уми сентябри соли 2019 таҳти №1271 чоп шудааст, омадааст, ки машғул шудани муҳоҷирон ба савдои чакана дар иншооти савдои ғайридавлатӣ, дорухонаҳо, бозору растаҳо ва берун аз мағозаҳо комилан манъ карда мешавад.
Ҳукмнома
Санҷиши мо дар такя ба маълумоти расмии Ҳукумати Русия собит намуд, ки хабари манъи савдои хориҷиён дар бозор «Ҳақиқат» аст.