Чӣ санҷида шуд?
Корбаре дар шабакаи иҷтимоии Facebook дар гурӯҳи «Хуҷандро дӯст медорам» бо суоли «LC WAIKIKI дар Тоҷикистон чӣ иқдомеро роҳандозӣ кардааст (бойгонӣ), ки дар WhatsApp ба ҳама тӯҳфа тақдим мекунад», муроҷиат кардааст.
Гуфта мешавад, гӯиё LC Waikiki бахшида ба 34-умин солгарди таъсисёбии ширкат, ба муштариёнаш дар ҳаҷми аз 2 000 сомонӣ то 8 000 доллар тӯҳфа медиҳад.
Бо хоҳишу дархости чанде аз хонандагони Factcheck.tj дурустии ин иқдомро мавриди санҷиш қарор додем.
Ҳукмнома: Фейк
Аслан, дар пайванде, ки аз бурди 2 000 сомонӣ то 8 000 доллар сухан меравад, ба ширкати LC Waikiki дар Тоҷикистон ҳеч рабте надорад. Зеро, ин як пайванди сохтаи фишингие аст, ки мутахассисони соҳа ворид шудан ба онро тавия намедиҳанд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Ҳангоми пахш кардани пайванди мазкур, дарҳол матне пайдо мешавад, ки дар он омадааст: «Табрик мекунем! Тӯҳфаи ҷашнӣ бахшида ба 34-солагии LC Waikiki. Тавассути саволнома, шумо имкони ба даст овардани $ 8000 доред».
Баъдан, ба корбар якчанд савол дода мешавад. Сипас, аз бурди ӯ хабар дода, талаб мекунад, ки барои гирифтани ин маблағ пайвандро ба панҷ гурӯҳ ва зиёда аз 20 нафар дӯстони худ равон намояд. Ҳамин гуна, ин пайванд ба таври васеъ паҳн мешавад ва дигар корбаронро зери хатар мегузорад.
Ҳамзамон, ба саҳифаи расмии lcwaikiki_tajikistan дар Instagram ворид шудем, ки дар ин бора чизе гуфта нашудааст (бойгонӣ). Яъне, агар ширкат тасмими гузаронидани иқдоми бурди тӯҳфаҳоро ба муносибати ин ё он ҷашне медошт, ҳатман дар саҳифаи расмиаш онро нашр мекард. Вале ин саҳифа танҳо аз тахфифи мавсимии худ эълон додааст (бойгонӣ): «Сюрпризи беҳтарин аз LC Waikiki. Тахфифи мавсим аллакай оғоз шуд! Мо шуморо дар мағозаҳои LC Waikiki интизорем».
Хулоса
Санҷиши мо маълум кард, ки иқдоми бурдноки LC Waikiki ба хотири 34-умин солгарди таъсисёбиаш асоси воқеӣ надорад ва он як навъ аз фишингҳои интернетие аст, ки қаллобон паҳн кардаанд. Бинобар ин, иқдоми мазкур «Фейк» аст.