Фактчекnews | Factcheck.tj 4-сола шуд!

Хонандаи арҷманд,

Агар 20 сол қабл манбаи дарёфти иттилоот танҳо васоити ахбори омма буд, масъалаи пешгирии паҳншавии ахбори бардурӯғ то ҷое осон буд. Аммо имрӯз чунин нест!

Дар замоне, ки ҳар як корбар дар даст телефонҳои ҳушманд дорад, ба даҳҳо манбаъ ва сарчашмаҳои дарёфти иттилоот дастрасӣ ва худи ӯ низ дар баробари истеъмолкунандаи иттилоот будан, дар як вақт ҳамчун истеҳсолкунандаи иттилоот буда метавонад, пеши роҳи паҳншавии иттилооти бофта ё бардурӯғро гирифтан басо душвор ва то ҷое ғайриимкон ҳам ҳаст.

Чанд тағйироти иҷтимоӣ, аз ҷумла хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 ва муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, собит намуданд, ки ҷомеаи мо аз хабарҳои бардурӯғ бисёр осебпазир аст ва ин гуна хабарҳо дар фурсати кӯтоҳ ба зеҳну тафаккур, рафтору амал ва интихобҳои мо сахт таъсир мерасонанд.

4 сол инҷониб нахустин платформаи далелсанҷии Тоҷикистон – Factcheck.tj фаъолият дорад. Ҷои шаке нест, ки мо ҳанӯз ҷавонем ва камбудиҳо низ дорем. Вале зина ба зина, қадам ба қадам ва марҳила ба марҳила ташаккул ёфта истодаем.

Вале бояд гуфт, ҳақиқат ягона арзишест, ки мо ба он арҷ мегузорем. Вазифаи мо ҷудо кардан ва нишон додани ахбору изҳороти рост аз фейк, дурӯғ, дасткорӣ ва популизм аст. Ҷомеа ба донистани рост ва сухани дурусту сиҳат ҳақ дорад ва бояд донад!

4-умин солгарди таъсиси аввалин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон – Factcheck.tj, ба ТИМИ МО, аз ҷумла:

– ба онҳое, ки пайваста дар пайи ҷустуҷӯи ҳақиқат ҳастанд;

– ба онҳое, ки арзиши ростро болотар аз ҳама чиз медонанд;

– ба онҳое, ки ростгӯю росткору ростбин ҳастанд;

– ба онҳое, ки ростро мехонанду ростро мехоҳанд;

– ба онҳое, ки дар исботи ҳарфи бофта бевосита ва ё бавосита ба мо кӯмак мерасонанд, яъне ШУМО – хонандагони асили FACTCHECK.TJ, муборак бошад!

Моро пайгирӣ намоед ва ҳамеша хабарҳои санҷидашударо мутолиа намоед!


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь