Фейк | Тӯҳфаи пулии Рустами Эмомалӣ дар моҳи Рамазон

Чӣ санҷида шуд?

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ эълоне паҳн карда истодаанд (бойгонӣ), ки бар асоси он гӯиё дар арафаи моҳи Рамазон ба 200 нафар кӯмаки молӣ медиҳанд.

Иқтибос:

«Дар ин моҳи мубораки Рамазон 200 лифофа тӯҳфаҳои пулӣ ба маблағи беш аз ҳазор доллар тақсим мекунам.

Моҳи таваллуди худро дар сутуни шарҳҳо нависед.

Мисол: январ

Дар ин ҷо сабти ном шавед 👉 https://cutt.ly/b4FxfUU

Ин чорабинӣ то 20.04.2023 эътибор дорад.

Ман дар давоми 24 соат тӯҳфаҳо мефиристам!».

Эълони мазкур бо акси шаҳрдори Душанбе ва дар рӯи миз лифофаҳо байни корбарон ба таври васеъ паҳн шудааст (бойгонӣ), ки сомонаи Factcheck.tj дар асоси хоҳишу дархости чанде аз хонандагонаш дурустии онро мавриди санҷиш қарор дод.

Ҳукмнома: Фейк

Санҷиш собит намуд, ки ин эълони ба ном «хайрхоҳона» дар моҳи мубораки Рамазон ягон асоси воқеӣ надорад.

Скриншот аз саҳифаи фейкии Рустами Эмомалӣ

Чӣ гуна санҷида шуд?

Саҳифае, ки дар Facebook бо номи Рустами Эмомалӣ ба қайд гирифта шудааст, аз чанд ҷиҳат шубҳабарангез аст:

1. Саҳифа дар ин шабака нав кушода шуда, дар он танҳо акси шаҳрдори Душанбе ва як эълони мавриди санҷиши мо ҷой дода шудаасту халос.

2. Гузашта аз ин, дар саҳифаи мазкур ягон маълумоти расмии тасдиқкунандаи шахсият – рӯз, моҳ, соли таваллуд, ҷои кор ва вазифа, рақам барои иртибот, суроғаи электронӣ мавҷуд нест, ки аз фейкӣ будани он дарак медиҳад.

3. Акси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лифофаҳои зиёд, ки дар рӯи миз дида мешавад, акси таҳрифёфта ё худ, сохташуда мебошад. Ин акс аз рӯи навори иштирок ва суханронии онлайнии Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогир: об моро муттаҳид мекунад», ки 11-уми феврали соли 2022 баргузор гаштааст, гирифта шудааст. Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин сана акси мазкурро нашр кардааст (бойгонӣ), ки он ҳам баргирифта аз навор аст.

https://youtu.be/hRRPcgvlQnY

Акси лифофаҳои пайдарпай гузошташуда, ки бо акси Рустами Эмомалӣ пайваст карда шудааст, дар гузашта ҳам аз тарафи фиребгарон истифода гаштааст (бойгонӣ).

Скриншоти акси таҳрифёфта ё худ, сохташуда аз Facebook

Хулоса

Ин лифофаҳои гӯиё пулӣ ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳеч иртибот надоранд. Чун ин як роҳи фиреб бо мақсади ҷамъоварии маълумоти корбарон буда, қаллобие беш нест. Қаблан низ бо истифода аз акси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чунин ахбори фейкӣ ё бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн шуда буд, ки онро сомонаи Factcheck.tj ошкор карда буд.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь