Фактчекnews | Сарбозе, ки мӯйи сари наваскаронро тарошида «КОНИБОДОМ» навишт, 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд 18-уми сентябри соли равон сержанти хурд Муҳриддин Исмоиловро, ки бо сарбозон таҳқирона муносибат намуд ва мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои «К-О-Н-И-Б-О-Д-О-М» тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст, 5 сол равонаи зиндон кард.

Муҳриддин Исмоилов бар асоси моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад, гунаҳкор дониста шуд».

Ба иттилоти хабаргузории ASIA-Plus (бойгонӣ), дар ҳукми додгоҳ зикр мегардад, ки Муҳриддин Исмоилов бо мақсади нишон додани бартарию тавонмандии худ шаъну шарафи наваскаронро паст зада, сари онҳоро тарошидааст.

«Ӯ қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозон таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои КОНИБОДОМ тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст», – гуфта мешавад, дар ҳукми додгоҳ.

Моҳи июни соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе нашру паҳн шуд, ки бо тарошидани қисми болоии мӯйи сари сарбозон навиштаҷоти «К-О-Н-И-Б-О-Д-О-М» дида мешуд. Дар сари ин ҷавонон, ки дар тан либоси ҳарбӣ доштанд, ҳар як ҳарфи ин шаҳр навишта шудааст.

Қаблан, низ далелсанҷони Factcheck.tj акси мазкурро мавриди санҷиш қарор дода, исбот карда буданд, ки он сохта набуда, воқеӣ аст.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь